https://sputnik.tj/20221202/norov-toshkand-mukholif-inzivo-afghoniston-1053238426.html
Норов: Тошканд мухолифи инзивои Афғонистон аст
Норов: Тошканд мухолифи инзивои Афғонистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон бори дигар таъкид намуд, ки рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ бидуни субот дар Афғонистон ғайриимкон аст
2022-12-02T19:50+0500
2022-12-02T19:50+0500
2022-12-02T19:50+0500
осиё
осиёи марказӣ
сиёсат
афғонистон
вазир
тошканд
ӯзбекистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102909/02/1029090248_0:0:3069:1727_1920x0_80_0_0_0ea1529ca3cf640f968ad495ecca51d7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Тошканд зидди инзивои Афғонистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонист, изҳор дошт вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, Владимир Норов. Вай зимни ҳамоиши роҳбарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар Лодз таъкид намуд, ки рушди устувори минтақа бидуни сулҳ дар Афғонистон ғайриимкон аст. Норов ҷомеаи ҷаҳониро ба пешгирии фалокати башардӯстона, барқарорсозии иқтисодиёт, ҳамгироии иқтисодӣ бо минтақа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ даъват намуд. Мақомдори Ӯзбекистон ҳамчунин ба ҷонибдорӣ аз ташаббуси кишвараш бораи таъсиси гурӯҳи байналмилалии гуфтушунид бо толибҳо даъват намуд, ки бояд аз ин гуруҳ иҷрои тадриҷии ӯҳдадориҳоро талаб кунад. Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин истифода аз маркази логистикӣ дар Тирмиз барои кумак ба афғонҳо ва таъсиси маркази омӯзиши иқтисодчиён барои Афғонистонро пешниҳод намуд. Маврид ба зикр аст, ки Норов қаблан низ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе зарур хонда буд, ки бояд аз инзивои Афғонистон ҷилавгирӣ карда шавад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки дар инзивоъ қарор додани Афғонистон паёмадҳои манфӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад. Норов аз ташаббуси раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зикр намуда буд, ки ахиран дар ҳамоиши Остона баён дошта, бар асоси он бояд гуруҳи махсуси намояндагон дар умури Афғонистон ташкил гардад, то иқдому ташаббусҳоро барои ҳалли масоили марбути ин кишвар баррасӣ ва пешниҳод намояд
https://sputnik.tj/20221130/masud-dushanbe-qabuli-hukumat-tolib-1053171850.html
осиё
афғонистон
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102909/02/1029090248_112:0:2843:2048_1920x0_80_0_0_b7ef212015473adfe6a88e33feca4a1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошканд, мухолиф, афғонистон, инзивоъ
тошканд, мухолиф, афғонистон, инзивоъ
Норов: Тошканд мухолифи инзивои Афғонистон аст
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон бори дигар таъкид намуд, ки рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ бидуни субот дар Афғонистон ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Тошканд зидди инзивои Афғонистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонист, изҳор дошт вазири умури хориҷии Ӯзбекистон, Владимир Норов.
Вай зимни ҳамоиши роҳбарони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар Лодз таъкид намуд, ки рушди устувори минтақа бидуни сулҳ дар Афғонистон ғайриимкон аст.
Норов ҷомеаи ҷаҳониро ба пешгирии фалокати башардӯстона, барқарорсозии иқтисодиёт, ҳамгироии иқтисодӣ бо минтақа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ даъват намуд.
Мақомдори Ӯзбекистон ҳамчунин ба ҷонибдорӣ аз ташаббуси кишвараш бораи таъсиси гурӯҳи байналмилалии гуфтушунид бо толибҳо даъват намуд, ки бояд аз ин гуруҳ иҷрои тадриҷии ӯҳдадориҳоро талаб кунад.
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин истифода аз маркази логистикӣ дар Тирмиз барои кумак ба афғонҳо ва таъсиси маркази омӯзиши иқтисодчиён барои Афғонистонро пешниҳод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Норов қаблан низ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе зарур хонда буд, ки бояд аз инзивои Афғонистон ҷилавгирӣ карда шавад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки дар инзивоъ қарор додани Афғонистон паёмадҳои манфӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Норов аз ташаббуси раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зикр намуда буд, ки ахиран дар ҳамоиши Остона баён дошта, бар асоси он бояд гуруҳи махсуси намояндагон дар умури Афғонистон ташкил гардад, то иқдому ташаббусҳоро барои ҳалли масоили марбути ин кишвар баррасӣ ва пешниҳод намояд