Даъвати Шолтс аз Путин: Низоъ дар Украинаро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунед

© Sputnik / Алексей Агарышев / Гузариш ба медиабонкВице-канцлер Германии и министр финансов Германии Олаф Шольц
Вице-канцлер Германии и министр финансов Германии Олаф Шольц  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Садри аъзами Олмон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Русия аз ӯ даъват кард, ки масоили Украинаро бо роҳи дипломатӣ ҳал намояд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс, дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, аз ӯ хостааст, ки ҳарчӣ зудтар роҳи ҳалли дипломатии низоъ дар Украинаро пайдо кунад, иттилоъ додааст Штеффен Ҳебештрайт, сухангӯи кобинаи Олмон.
"Садри аъзами Олмон аз раисиҷумҳури Русия хост, ки ҳарчӣ зудтар роҳи ҳалли дипломатӣ, аз ҷумла хуруҷи нерӯҳои Русия аз Украинаро пайдо кунад", - гуфт Ҳебештрайт.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар тамос бошанд.
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Нохушӣ болои нохушӣ дар Олмон. Садри аъзами ин кишвар гирифтори коронавирус шуд
Дар ҳамн ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки садри аъзами Олмон ва раисҷумҳури Русия тақрибан як соат танҳо вазъи Украина ва оқибатҳои онро баррасӣ карданд.
"Субҳи имрӯз садри аъзам Олаф Шолтс бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтугӯи телефонӣ дошт. Гуфтугӯи яксоата ба низоъи Русияву Украина ва паёмадҳои он бахшида шуда буд", — иттилоъ додааст манбаъ.
Ба гуфтаи кобинаи вазирони Олмон, садри аъзам ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба зербиноҳои ғайринизомии Украинаро маҳкум карда Таъкид кардааст, ки Олмон ба Украина дар таъмини тавоноии дифоъии худ кумак хоҳад кард".
Лентаи хабарҳо
0