Ардашер Қодирӣ ба Президенти Индонезия эътимоднома супорид - акс

© МИД ТаджикистанаПосол Таджикистана вручил верительные грамоты Президенту Индонезии
Посол Таджикистана вручил верительные грамоты Президенту Индонезии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон омода аст барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Индонезия иқдом роҳандозӣ намояд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Индонезия бо қароргоҳ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ба Президенти Индонезия Ҷоко Видодо эътимодномаҳои худро супорид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки сафир салому паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Индонезия расонид ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон омода аст ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Индонезия иқдом роҳандозӣ намояд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд.
© МИД ТаджикистанаПосол Таджикистана вручил верительные грамоты Президенту Индонезии
Посол Таджикистана вручил верительные грамоты Президенту Индонезии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Посол Таджикистана вручил верительные грамоты Президенту Индонезии
Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯст дар асоси Созишномаи тиҷоратӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Индонезия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд.
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф имзо гардида, танзими он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯбаи барномаи Дармасисваи Индонезия (барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ дар он кишвар таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0