Вазири дифои толибон аз дидор бо муовини вазири хориҷаи Покистон худдорӣ кард

© IeaOfficeМинистр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб
Министр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Вазири дифои ҳукумати муваққати толибон муовини вазири хориҷаи Покистонро, ки имрӯзҳо дар Кобул бо сафарӣ расмӣ қарор дорад, ба ҳузур напазируфт
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Манобеи огоҳ мегӯянд сафорати Покистон аз вазири дифои толибон Мулло Ёқуб хоста буд, дар бораи масоили амниятӣ ва пайвандҳои дуҷониба бо муовини вазири хориҷаи Покистон Ҳано Раббонӣ гуфтугӯ кунад.
Як манбаи наздик ба толибон гуфт, Мулло Ёқуб нисбат ба сиёсатҳои Покистон дар қиболи Афғонистон нигарон аст ва ба ин тартиб хостааст нигаронии худро ба мақомҳои Покистон иброз кунад.
Аз замон рӯй кор омадани толибон то кунун чандин бор даргирии марзӣ миёни неруҳои покистонӣ ва афроди толибон рӯй додааст.
Бархе манобеъ низ мегӯйанд ки Мулло Ёқуб аз рафтори Покистон дар қиболи падараш мулло Муҳамад Умар бунёнгузори гурӯҳи толибон норозӣ аст.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Масъуд: Толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд
Пештар низ вазири дифои гурӯҳи толибони Покистонро ба далел додани муҷаввиз ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ барои убур аз осмони ин кишвар ба самти ҳарими ҳавои Афғонистон ҳадафи интиқод қарор дода буд.
Ҳино Раббонӣ, муовини вазири хориҷаи Покистон ба унвони баландпоятарин мақом покистонӣ аст, ки пас аз канор рафтани Умрон Хон нахуствазири пешини ин кишвар аз қудрат ахиран ба Кобул сафар кардааст.
Ҳадаф аз ин сафар тақвияти муносиботи дутарафа дар ҳамаи бахшҳо эълом шудааст.
Лентаи хабарҳо
0