https://sputnik.tj/20221201/peshnihod-latifaho-khoja-nasriddin-fehrist-unesko-1053217680.html
Пешниҳоди ворид кардани латифаҳои Хоҷа Насриддин ба Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО
Пешниҳоди ворид кардани латифаҳои Хоҷа Насриддин ба Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон талош дорад латифаҳои Хоҷа Насриддинро абадӣ гардонад ва ба Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО ворид намояд
2022-12-01T20:45+0500
2022-12-01T20:45+0500
2022-12-01T20:45+0500
дар тоҷикистон
мероси фарҳангӣ
юнеско
латифа
смм
пешниҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053215837_0:0:2592:1458_1920x0_80_0_0_1dc2a3e9dbfbfd59a68e2cff0cadffdf.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қарор аст, ки ин пешниҳод дар ҷаласаи 7-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дар Марокаш эълон шавад, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.Инчунин, зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба монанди “Ҷашни Меҳргон”, “Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Санъати сохт ва рубобнавозӣ” ва "Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.Ҳамзамон номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.Таъкид шудааст, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20221201/shabi-yaldo-ba-fehristi-unesko-vorid-gardid-1053205157.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053215837_0:0:2592:1944_1920x0_80_0_0_21102913f0fb5487dcc1b222fe3eb062.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ворид кардан, латифаҳо, хоҷа насриддин, юнеско, смм, мероси фарҳангӣ
тоҷикистон, ворид кардан, латифаҳо, хоҷа насриддин, юнеско, смм, мероси фарҳангӣ
Пешниҳоди ворид кардани латифаҳои Хоҷа Насриддин ба Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО
Мақомоти Тоҷикистон талош дорад латифаҳои Хоҷа Насриддинро абадӣ гардонад ва ба Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО ворид намояд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қарор аст, ки ин пешниҳод дар ҷаласаи 7-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дар Марокаш эълон шавад, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Инчунин, зимни иҷлосия номинаҳои муштараки Тоҷикистон, ба монанди “Ҷашни Меҳргон”, “Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Санъати сохт ва рубобнавозӣ” ва "Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Таъкид шудааст, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.
Дар ин росто пешниҳоди номинатсияи муштараки Тоҷикистон (бо Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон) аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.
Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияи муштараки Тоҷикистон "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ" иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.