https://sputnik.tj/20221201/meksika-pley-off-roh-nayoft-natoij-nav-jomi-jahonii-2022-1053192800.html
Бори аввал дар 28 соли охир Мексика ба плей-офф роҳ наёфт: натоиҷи нави Ҷоми ҷаҳонии 2022
Бори аввал дар 28 соли охир Мексика ба плей-офф роҳ наёфт: натоиҷи нави Ҷоми ҷаҳонии 2022
Sputnik Тоҷикистон
Феълан тимҳои Мексика, Арабистони Саудӣ, Тунис аз имкони бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Қатар ҷараён дорад, маҳрум монданд
2022-12-01T11:49+0500
2022-12-01T11:49+0500
2022-12-01T11:51+0500
дар ҷаҳон
футбол
ҷоми ҷаҳон
ҷавонон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053191705_0:157:3081:1890_1920x0_80_0_0_a1a4bbd68399af1d50a677e723a829dc.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бозиҳои даври саввуми сабқати гурӯҳӣ, ки дар он дастаҳои гурӯҳҳои С ва D бозӣ мекарданд, ба поён расид.Натиҷаи бозии рӯзи 30 ноябр дар ин ду гурӯҳ чунин тақсим карда мешавад: Гурӯҳи C Гурӯҳи D Дар гурӯҳи "С" ҳамаи дастаҳо имкони баромадан ба плей-оффро доштанд. Дар натиҷа, мунтахаби Аргентина бар Лаҳистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дар баробари ин ҳар ду гурӯҳ ба 1/8 баромаданд. Тими Аргентина шаш хол ва Лаҳистон чор хол доранд.Дар бозии мувозӣ Мексика бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар натиҷа ин тим низ чор хол гирифт, вале аз полякҳо мағлуб шуд. Мексика дар 28 соли охир барои аввалин бор ба плей-офф роҳ наёфтанд. Арабистони Саудӣ, ки дар даври 1-ум бар Аргентина бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд низ аз идомаи мусобиқа маҳрум монд.Дар гурӯҳи D Фаронса, ки пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфта буд, аз Тунис шикаст хӯрд, вале ин мағлубият монеи ғолиб баромадан дар гурӯҳ нашуд, вале тими Тунис ба даври баъдӣ роҳ наёфт.Дар натиҷа Фаронса ва Австралия бо шаш имтиёз ба плей-офф роҳ ёфтанд, Тунис ва Дания бо чаҳор имтиёз ва як имтиёз аз идомаи бозӣ маҳпрум монданд.Рӯзи 1 декабр, ин гурӯҳҳо барои гирифтани роҳхат ба марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол сабқат мекунанд: Канада – Марокаш, Хорватия – Белгия, Коста-Рика – Олмон, Ҷопон – Испания.
https://sputnik.tj/20221130/ehsosot-footbol-behtarin-lahza-chempionat-jahon-aks-1053165231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/01/1053191705_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_404585cb649d75576de0e221dc8128e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбол ҷоми ҷаҳонӣ қатар
Бори аввал дар 28 соли охир Мексика ба плей-офф роҳ наёфт: натоиҷи нави Ҷоми ҷаҳонии 2022
11:49 01.12.2022 (Навсозишуда: 11:51 01.12.2022) Феълан тимҳои Мексика, Арабистони Саудӣ, Тунис аз имкони бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Қатар ҷараён дорад, маҳрум монданд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бозиҳои даври саввуми сабқати гурӯҳӣ, ки дар он дастаҳои гурӯҳҳои С ва D бозӣ мекарданд, ба поён расид.
Натиҷаи бозии рӯзи 30 ноябр дар ин ду гурӯҳ чунин тақсим карда мешавад:
Арабистони Саудӣ - Мексика - 1:2;
Лаҳистон - Аргентина - 0:2.
Дар гурӯҳи "С" ҳамаи дастаҳо имкони баромадан ба плей-оффро доштанд. Дар натиҷа, мунтахаби Аргентина бар Лаҳистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар баробари ин ҳар ду гурӯҳ ба 1/8 баромаданд. Тими Аргентина шаш хол ва Лаҳистон чор хол доранд.
Дар бозии мувозӣ Мексика бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар натиҷа ин тим низ чор хол гирифт, вале аз полякҳо мағлуб шуд.
Мексика дар 28 соли охир барои аввалин бор ба плей-офф роҳ наёфтанд.
Арабистони Саудӣ, ки дар даври 1-ум бар Аргентина бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд низ аз идомаи мусобиқа маҳрум монд.
Дар гурӯҳи D Фаронса, ки пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфта буд, аз Тунис шикаст хӯрд, вале ин мағлубият монеи ғолиб баромадан дар гурӯҳ нашуд, вале тими Тунис ба даври баъдӣ роҳ наёфт.
Дар натиҷа Фаронса ва Австралия бо шаш имтиёз ба плей-офф роҳ ёфтанд, Тунис ва Дания бо чаҳор имтиёз ва як имтиёз аз идомаи бозӣ маҳпрум монданд.
Рӯзи 1 декабр, ин гурӯҳҳо барои гирифтани роҳхат ба марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол сабқат мекунанд: Канада – Марокаш, Хорватия – Белгия, Коста-Рика – Олмон, Ҷопон – Испания.