Кишварҳои ҳамсуд мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро пурзур хоҳанд кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкТаджикский мигрант в аэропорту
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Муборизаи бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд дар ҷаласаи 25-уми комиссияи дахлдори кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Намояндагони кишварҳои ИДМ дар 25-умин ҷаласаи Комиссияи муштараки кишварҳои узви ИДМ дар бораи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ масъалаҳои пурзӯр кардани назорат бар ҷараёни муҳоҷиратро баррасӣ карданд, иттилоъ адодааст хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Намояндагони кишварҳои ИДМ ба такмил додани механизмҳои мавҷуда диққати ҷиддӣ доданд .
Дар ҷаласаи маҷозӣ намояндагони Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, намояндагони Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ва Кумитаи иҷроия ИДМ ҳузур доштанд.
Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки муваффақияти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бештар аз ҳамкории мутақобилаи мақомотҳои дахлдори кишварҳои ИДМ вобаста аст.
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Афзоиши додугирифти Русия бо кишварҳои ИДМ
Ба гуфтаи иштирокдорон дар ҳоли ҳозир идомаи мубориза бо нақзи қонуни муҳоҷират дар кишварҳои муштаракулманофеъ хеле муҳим аст.
Иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи чорабиниҳое, ки дар давлатҳои дахлдор дар доираи мубориза бо ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бахусус дар соҳаи фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ амалӣ мегарданд, маълумот доданд.
Қайд шудааст, ки ба пешниҳодҳои пурзур намудани кори сохторҳо соҳаҳои дар боло зикршуда бояд диққаат дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0