https://sputnik.tj/20221130/jangi-sard-taqsimi-jahon-rahmon-1053178251.html
"Ҷанги сард"-у тақсими ҷаҳон: Раҳмон ба аъзои ҲХДТ чӣ гуфт?
"Ҷанги сард"-у тақсими ҷаҳон: Раҳмон ба аъзои ҲХДТ чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон вазъият дар ҷаҳон ва кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт
2022-11-30T18:00+0500
2022-11-30T18:00+0500
2022-11-30T18:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
хатар
вазъият
ҳизби халқӣ-демократии тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053036953_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_f737359378b7e9ce02de617fbc3ea45e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину аъзои фаъоли ҳизби ҳоким аз даври сангинтарин дар қариб садсолаи ҷаҳон ҳушдор дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Вай дар хитоб ба аъзои ҲХДТ изҳор дошт, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Дар феҳрасти мушкилоти рӯз Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитобро зикр намудаст. Вай афзудааст, ки марҳалаи нави "ҷанги сард" шиддат гирифта, аз муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ ҳушдор додаст. Инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд, илова намудаст Эмомалӣ Раҳмон.Раҳбари ҲХДТ дар чунин шароит ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардумро муҳим хондаст, ки ҳизб низ дар он нақши сазовор мегузорад. Ба таъкиди раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Дар ин самт таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ҷомеа муҳим хонда шудаст.
https://sputnik.tj/20220810/hkhdt-mavodi-bardurug-fitnaangez-vokish-1050613826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053036953_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_dd1f7d508a5d6bcf20c735b48abc74a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, эмомалӣ раҳмон, сангин, мушкил, сад, сол
ҳушдор, эмомалӣ раҳмон, сангин, мушкил, сад, сол
"Ҷанги сард"-у тақсими ҷаҳон: Раҳмон ба аъзои ҲХДТ чӣ гуфт?
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон вазъият дар ҷаҳон ва кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину аъзои фаъоли ҳизби ҳоким аз даври сангинтарин дар қариб садсолаи ҷаҳон ҳушдор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳокими халқии демократии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Вай дар хитоб ба аъзои ҲХДТ изҳор дошт, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем.
Дар феҳрасти мушкилоти рӯз Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитобро зикр намудаст.
Вай афзудааст, ки марҳалаи нави "ҷанги сард" шиддат гирифта, аз муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ ҳушдор додаст.
Инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд, илова намудаст Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари ҲХДТ дар чунин шароит ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардумро муҳим хондаст, ки ҳизб низ дар он нақши сазовор мегузорад.
Ба таъкиди раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад.
Дар ин самт таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазир ҷомеа муҳим хонда шудаст.