https://sputnik.tj/20221130/afv-piruzi-uels-ozodi-zindoni-eron-1053156128.html
Афв ба хотири пирӯзӣ бар Уэлс: Озодии беш аз 1100 зиндонӣ дар Эрон
Афв ба хотири пирӯзӣ бар Уэлс: Озодии беш аз 1100 зиндонӣ дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури вижаи раиси қувваи қазоияи Эрон 1156 зиндонӣ бинобар пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс аз зиндонҳои мухталифи кишвар озод шуданд
2022-11-30T09:01+0500
2022-11-30T09:01+0500
2022-11-30T09:53+0500
эрон
футбол
афв
зиндонӣ
озод
авфи зиндониҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_65e6debd7ddf766b8f40c5addc35a8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ахиран дастуруламали дахлдори раиси қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусайни Муҳсинии Эжаӣ дар паи пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс содир шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.Дар дастури раиси дастгоҳи қазои Эрон хитоб ба мароҷеъу марокизи зирабти қазоӣ омада буд: Нисбат ба он даста аз зиндониён, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонуниро доро ҳастанд, ниҳояти мусоидату муъозидат анҷом гирад ва муқаддамоти озодӣ ва бозгашти онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳошон дар аввалин фурсати мумкин фароҳам шавад.Дар дастури раиси дастгоҳи қазоии Эрон гуфта шудааст бадеҳӣ аст, касоне ки дар қазоёии ахири муртакиби ҷиноят шуда ва мудофеъони амнияти мардумро шаҳид ва маҷрӯҳ карданд ва амволи мардумро ба оташ кашиданду Қуръонро сӯзонданад, қобили бахшиш нестанд ва барои аносиру мусаббибони аслии иғтишошоти ахир ҳеҷ ҷои ирфоқ вуҷуд надорад.Пас аз ин дастури вижа мақомоти қазоии устонҳои Эрон иқдомоти лозим барои иҷро шудани дастури раиси қувваи қазоияро дар дастури кор қарор доданд ва теъдоде аз зиндониёни зиндонҳои кишвар, ки дорои шароит буданд ё озод шуданд ва ё инки аз тасҳилоту ирфоқоти қонунӣ бархудор шуданд.Дар миёни афроде ки бар асоси дастури раиси қувваи қазоияи Эрон аз ирфоқоти қонeнӣ бархӯрдор шуданд, боздоштшудагони вақойиъи ахири Эрон, ки дорои шароити қонунӣ буданд низ ҳузур доранд.
https://sputnik.tj/20221125/futbol-piruzi-ghayriintizori-eron-uels-1053076675.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_7d9a03dea78da44980e494ff51895202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, зиндонӣ, озод, афв, пирӯзӣ, тими футбол, уэлс, тими миллӣ
эрон, зиндонӣ, озод, афв, пирӯзӣ, тими футбол, уэлс, тими миллӣ
Афв ба хотири пирӯзӣ бар Уэлс: Озодии беш аз 1100 зиндонӣ дар Эрон
09:01 30.11.2022 (Навсозишуда: 09:53 30.11.2022) Бо дастури вижаи раиси қувваи қазоияи Эрон 1156 зиндонӣ бинобар пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс аз зиндонҳои мухталифи кишвар озод шуданд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ахиран дастуруламали дахлдори раиси қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусайни Муҳсинии Эжаӣ дар паи пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс содир шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Дар дастури раиси дастгоҳи қазои Эрон хитоб ба мароҷеъу марокизи зирабти қазоӣ омада буд: Нисбат ба он даста аз зиндониён, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонуниро доро ҳастанд, ниҳояти мусоидату муъозидат анҷом гирад ва муқаддамоти озодӣ ва бозгашти онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳошон дар аввалин фурсати мумкин фароҳам шавад.
Дар дастури раиси дастгоҳи қазоии Эрон гуфта шудааст бадеҳӣ аст, касоне ки дар қазоёии ахири муртакиби ҷиноят шуда ва мудофеъони амнияти мардумро шаҳид ва маҷрӯҳ карданд ва амволи мардумро ба оташ кашиданду Қуръонро сӯзонданад, қобили бахшиш нестанд ва барои аносиру мусаббибони аслии иғтишошоти ахир ҳеҷ ҷои ирфоқ вуҷуд надорад.
Пас аз ин дастури вижа мақомоти қазоии устонҳои Эрон иқдомоти лозим барои иҷро шудани дастури раиси қувваи қазоияро дар дастури кор қарор доданд ва теъдоде аз зиндониёни зиндонҳои кишвар, ки дорои шароит буданд ё озод шуданд ва ё инки аз тасҳилоту ирфоқоти қонунӣ бархудор шуданд.
Дар миёни афроде ки бар асоси дастури раиси қувваи қазоияи Эрон аз ирфоқоти қонeнӣ бархӯрдор шуданд, боздоштшудагони вақойиъи ахири Эрон, ки дорои шароити қонунӣ буданд низ ҳузур доранд.