Ҷалилов бори чорум беҳтарин голзани Тоҷикистон эълон шуд

© ФФТМанучехр Джалилов
Манучехр Джалилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
Ҳамлагари 32-солаи дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон бори чорум дар фаъолияти варзишияш беҳтарин голзани чемпионати ҷумҳурӣ дониста шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Манучеҳр Ҷалилов, ки дар чемпионатҳои Тоҷикистон дар солҳои 2015, 2016 ва 2021 беҳтарин голзан эълон шуд, дар мусобиқаи қаҳрамонии имсола низ беҳтарин арзёбӣ гардид.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ Ҷалилов 16 гол ба ҳадаф расонд.
Ҳамчунин Дилшод Бозоров аз тими "Эсхата" бо 13 гол дар мақоми дуюм ва дар зинаи саввум феҳристи нишонзанҳо футболбози дастаи "Истиқлол" Шервонӣ Мабатшоев бо 12 гол қарор дорад.
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Ҷамъбасти чемпионати Тоҷикистон: Кӣ бурду кӣ бохт
Дар ҷамъбасти чемпионати имсола миёни тимҳои Лигаи олӣ муайян шуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои КФО иштирок мекунад.
Медалҳои нуқра насиби "Равшан"-и Кӯлоб ва нишонҳои биринҷӣ насиби бошгоҳи "Хуҷанд" гардид.
Таъкид шудааст, ки ба ин тартиб, тимҳои "Равшан" ва "Хуҷанд" Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, дастаҳои "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифта буданд.
Лентаи хабарҳо
0