https://sputnik.tj/20221129/ittihodiya-gaz-rusiya-qazoqiston-uzbekiston-1053140677.html
Шарҳи Песков дар бораи иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон
Шарҳи Песков дар бораи иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Қазоқистон зимни мулоқот бо раҳбари Русия гуфт, омода аст масъалаи ҳамкориҳои сеҷониба дар бораи газро бо Русия ва Ӯзбекистон баррасӣ кунад
2022-11-29T15:15+0500
2022-11-29T15:15+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
қазоқистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
газ
интиқол
содирот
иттиҳодия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/79/1029057915_0:0:3114:1753_1920x0_80_0_0_d50af10d78bae08295ed558fe12a9978.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст, масирҳои интиқоли нерӯи барқ дар ин минтақа ниҳоят муҳим аст, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков. "Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст.Шабакаи хеле васеъ мавҷуд аст ва албатта ҳамоҳангсозӣ чизест, ки ба манфиатҳои ҳар се кишвари зикршуда мебошад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Ёдовар мешавем, ки ахиран руасоиҷумҳури Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.Дар ин бора котиби матбуотии Тоқаев Руслан Желдибай хабар додааст."Масъалаи таъсиси "иттиҳодияи сеҷонибаи газӣ" бо иштироки Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангӣ амалҳои интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошад", - шарҳ котиби матбуотии Тоқаев.Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд, илова намуд Ҷелдибой.Ба гуфтаи Тоқаев дар бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Путин дар ин музокирот мавзӯи "паймонҳои сеҷониба"-ро матраҳ кард, аммо ҷониби Қазоқистон барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд "мавзӯъро дарк кунад".Сафари расмӣ ба Русия нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз дубора интихоб шуданаш мебошад. Ба гуфтаи Тоқаев, ин аҳамияти хоса дорад.Дар мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин эъломияеро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.Дар санад ҳар ду кишвар хоҳиши худро дар бораи ғайрисиёсӣ гардондани ташкилотҳои иқтисодие, ки мақсади сиёсӣ надоранд, баён карданд.
https://sputnik.tj/20221129/putin-toqaev-ittihod-gaz-rusiya-qazoqiston-uzbekiston-1053137909.html
қазоқистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102905/79/1029057915_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_e21bb505566ed55da68fc23d3e9783fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, русия, газ, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, интиқол, содирот
қазоқистон, русия, газ, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, интиқол, содирот
Шарҳи Песков дар бораи иттиҳодияи газии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон
15:15 29.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия мегӯяд, ки иқдоми ташкили Иттиҳодияи газии Русия Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба нафъи ҳар се кишвар аст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пешниҳоди таъсиси "иттиҳодияи гази сегона"-и Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба расмият дароварда нашудааст, масирҳои интиқоли нерӯи барқ дар ин минтақа ниҳоят муҳим аст, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Албатта, ин пешниҳод ва ташаббус то андозае расмӣ хоҳад шуд. Гап дар сари он аст, ки ин як қаламрави азим ва васеъ дар як минтақаи хеле муҳим аст ва албатта, хатсайрҳо, таъминоти эжнержии газ ва ғайра барои ин қаламрав хеле муҳим аст.Шабакаи хеле васеъ мавҷуд аст ва албатта ҳамоҳангсозӣ чизест, ки ба манфиатҳои ҳар се кишвари зикршуда мебошад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран руасоиҷумҳури Русия ва Қазоқистон Владимир Путин ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот дар Кремл масъалаи таъсиси иттиҳодияи газӣ бо иштироки Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Дар ин бора котиби матбуотии Тоқаев Руслан Желдибай хабар додааст.
"Масъалаи таъсиси "иттиҳодияи сеҷонибаи газӣ" бо иштироки Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Мақсади ин иттиҳодия ҳамоҳангӣ амалҳои интиқоли гази Русия тавассути қаламравҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошад", - шарҳ котиби матбуотии Тоқаев.
Путин ва Тоқаев ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои муфассали сеҷониба бояд бо иштироки коршиносон барои пайдо намудани ҳалли оқилонае, ки манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро дар назар доранд, баргузор кунанд, илова намуд Ҷелдибой.
Ба гуфтаи Тоқаев дар бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Путин дар ин музокирот мавзӯи "паймонҳои сеҷониба"-ро матраҳ кард, аммо ҷониби Қазоқистон барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд "мавзӯъро дарк кунад".
Сафари расмӣ ба Русия нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз дубора интихоб шуданаш мебошад. Ба гуфтаи Тоқаев, ин аҳамияти хоса дорад.
Дар мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин эъломияеро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.
Дар санад ҳар ду кишвар хоҳиши худро дар бораи ғайрисиёсӣ гардондани ташкилотҳои иқтисодие, ки мақсади сиёсӣ надоранд, баён карданд.