Гулҳои зиёду навбати беохир: Маросими видоъ бо Владимир Макей – видео

Обуна шудан
Маросими видоъ бо вазири хориҷаи Беларус дар Бинои марказии афсарон оғоз шуд ва беш аз се соат идома ёфт. Мардум бо гулу гулчанбарҳо меомаданд навбат беохир буд
Субҳи рӯзи сешанбе барои видоъ бо Владимир Макей, вазири умури хориҷаи Беларус, садҳо нафар - мансабдорони баландпоя, намояндагони идораҳо, созмонҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ ва рӯҳониён омаданд. Шумори зиёди оддӣ бо мақомдорон дар як саф истода буданд.
Сафи онҳое, ки хостори гиромидошти вазири марҳум буданд, чандсад метр тӯл кашид.
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
Соати 10 субҳ Александр Лукашенко аввалин шуда ба Хонаи офсарон омад. Солҳои 2000-2008 Макей ёвари раисиҷумҳури Беларус, солҳои 2008-2012 роҳбари дастгоҳи раисҷумҳур ва аз соли 2012 вазори хориҷаи ин кишвар буд.
Аз Русия ба маросими видоъ муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов ҳузур доштанд.
Руҳат шод бод, дӯсти азиз: Сироҷиддин Муҳриддин ба фотиҳахонӣ дар ҳаққи Макей рафт
Муовини вазири хориҷаи Русия Владимир Макейро "шахси олиҷаноб, дипломати олиҷаноб, як мутахассиси хуб дар соҳаи худ ва дӯсти бузурги Русия" номид.
Пас аз анҷоми маросими видоъ оқои Макей дар қабристони шарқии Минск ба хок супурда шуд. Ӯ бо шарафи низомӣ бо тирандозии каровули фахрӣ ва суруди миллӣ дафн карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0