Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш 1 медал гирифт

© Дафтари матбоути КМОТМаросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш Ҳиндустон
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш  Ҳиндустон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш, ки аз 23 то 28 ноябр сурат гирифт, 3 паҳлавони номии ҷумҳурӣ намояндагӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз миёни паҳлавонҳои Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи кураш дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон танҳо як нафар соҳиби медал гардид.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ҷумҳуриро Муҳаммадризо Қувватов дар вазни то 60 кило, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кило ва Фаррух Маҳмудов дар вазни то 81 кило намояндагӣ намуданд.
"Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш мушарраф шуд", - омадааст дар иттилоия.
Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромаданд, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Аз ҷумла Қувватов дар даври чаҳорякниҳоии Чқаҳрамонии ҷаҳон аз паҳлавони шинохтаи Ӯзбекистон, Абдулазиз Ҳамроев мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Игрок сборной Германии Джамал Мусиала в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Испании и Германии. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Бурду бохти ғайричашмдошт: натиҷаи бозиҳои рӯзи 8-уми Ҷоми Ҷаҳон - 2022
Варзишкори дигари тоҷик, Маҳмудов, ки дар даври аввал намояндаи Непал, дар даври ҳаштякниҳоӣ намояндаи қораи Африқоро шикаст дод, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз варзишгари қазоқ мағлуб шуд.
Маврид ба зикр аст, ки чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш аз 23 то 28 ноябр сурат гирифта, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз 60 давлат иштирок намуданд.
Лентаи хабарҳо
0