https://sputnik.tj/20221128/tojikiston-boz-yak-shahrvandi-darmonda-dar-shahri-sukhumro-ba-vatan-bargardond-1053128087.html
Тоҷикистон боз як шаҳрванди дармонда дар шаҳри Сухумро ба Ватан баргардонд
Тоҷикистон боз як шаҳрванди дармонда дар шаҳри Сухумро ба Ватан баргардонд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди кишварро, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонидааст
2022-11-28T21:20+0500
2022-11-28T21:20+0500
2022-11-28T21:20+0500
дар тоҷикистон
сафорат
баргардонидан
шаҳрванд
абхазистон
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693211_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ca5f56f4802645caee371cecab1d0cbb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки боз як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Сухум бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дармонда буд, ба Ватан баргардонида шудааст.“Ахиран бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд”,- таъкид доштааст сафорати кишвар дар Маскав.Манбаъ хабар додааст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шудааст.Ҳамзамон сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки аз убури сарҳад худдорӣ намоянд.Ёдовар мешавем, ки мощи октябри соли равон шабеҳи ҳамин ҳодиса сурат гирифта буд.Он замон ҳам, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз баргардонидан ба Ватан шаҳрванде, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар минтақаи Абхазистон дармонда буд хабар дод.Бояд гуфт, ки дар авоили моҳи феврал Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хабар дод, ки аз сӯйи мақомоти Русия еш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар афв карда шудаанд.Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.Тибқи омори Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд.
https://sputnik.tj/20221003/shahrvandi-tojikiston-abkhaziya-darmonda-vatan-bargasht-1051842637.html
абхазистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693211_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c5961e42aafa2b914becf3fa25461f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, шаҳрванд, дармонда, сухум, ватан, баргардондан, муҳоҷир
тоҷикистон, сафорат, шаҳрванд, дармонда, сухум, ватан, баргардондан, муҳоҷир
Тоҷикистон боз як шаҳрванди дармонда дар шаҳри Сухумро ба Ватан баргардонд
Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди кишварро, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонидааст
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки боз як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Сухум бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дармонда буд, ба Ватан баргардонида шудааст.
“Ахиран бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар шаҳри Сухум дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд”,- таъкид доштааст сафорати кишвар дар Маскав.
Манбаъ хабар додааст, ки зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки аз убури сарҳад худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки мощи октябри соли равон шабеҳи ҳамин ҳодиса сурат гирифта буд.
Он замон ҳам, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз баргардонидан ба Ватан шаҳрванде, ки бинобар манъи вуруд доштан ба Русия дар минтақаи Абхазистон дармонда буд хабар дод.
Бояд гуфт, ки дар авоили моҳи феврал Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хабар дод, ки аз сӯйи мақомоти Русия еш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар афв карда шудаанд.
Мақомот дар гузашта гуфта буданд, ки тақрибан 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.
Тибқи омори Вазири меҳнат, соли гузашта 373 ҳазору 773 нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Вале омори мақомоти тоҷик ҳамеша баҳсбарангез аст. Ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯяд.