https://sputnik.tj/20221128/qonun-muhojiron-joi-iqomat-sabuktar-1053113909.html
Тарҳи қонун: Сабти муҳоҷирон дар ҷои иқомат дар Русия сабуктар мешавад
Тарҳи қонун: Сабти муҳоҷирон дар ҷои иқомат дар Русия сабуктар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Русия раванди сабти муҳоҷиратиро тағйир медиҳад, ки сарбории ин ниҳодро каму сабти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷои иқоматро сода месозад
2022-11-28T13:05+0500
2022-11-28T13:05+0500
2022-11-28T13:05+0500
дар русия
муҳоҷират
қайд
сабт
фмфс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044884951_0:246:3048:1961_1920x0_80_0_0_4b717d9286bcb9a56e0c129965064bba.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки тағйири раванди сабти номи муҳоҷиронро пешбинӣ кардааст, хабар дод "Коммерсантъ". Ба иттилои манбаъ, дар пайи қабули ин тарҳ раванди сабти муҳоҷирон дар ҷойи иқомат содатар мешавад. Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур ба Вазорати корҳои дохилии кишвар дар густариши хизматрасониҳои КВД "Хадамоти шиноснома ва раводид" ва марказҳои бисёрманзура - "МФС" кумак мекунад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки расмиёти пешниҳоди хадамоти давлатӣ соддатар ва як қисми сарборӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ бардошта шавад. Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандон ба далели нарасидани кадр ва кам будани маош ба идораи муҳоҷират нобоварӣ доранд.Ахиран сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВУД Русия, Валентина Казакова, ахиран хабар дод, ки низоми иттилоотии қайди муҳоҷиратӣ қабул шудаст. Ба иттилои Казакова, ин система имкон медиҳад, ки ба ҳама мақоми муҳоҷират дастрасӣ фароҳам бошаду ҳаракати атбои хориҷӣ дар минтақаҳои Русия пайгирӣ шавад. Зикр шудаст, ки низоми нав ҳамчунин имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ "тезтар ва бо сифати беҳтар" ироа гарданд.Ин дар ҳолест, ки ноиби раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, низ ахиран дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ФР ва Тоҷикистон дар Душанбе аз сабукиҳо дар ин бахш хабар дод.Ба гуфта ӯ, бар асоси тағйироти тарҳрезишуда интизор меравад, муҳоҷир бевосита имкон дорад, мустақилона раваду худро дар қайд монад. Зарурати шахсан рафтани худи соҳиби хона, ки манзилро ба муҳоҷир ба иҷора медиҳад, аз байн меравад, тавзеҳ дод мақомдори Русия.Маврид ба зикр аст, ки феълан шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, дар давоми 15 рӯз баъди вурудашон ба қаламрави Русия худро дар қайди муҳоҷиратӣ дар маҳалли иқоматашон монанд. Умдатан ин кор бо ҳузури бевоситаи қабулкунанда дар идораи муҳоҷирати маҳалли истиқомат сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20221126/rusiya-kvota-muhojiron-kam-1053085589.html
https://sputnik.tj/20221124/rusiya-tartib-nav-vurud-khorijiyon-1053052641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044884951_317:0:3048:2048_1920x0_80_0_0_e114253374ef2a5bf5d0c462052eb798.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сабтт, муҳоҷирон, қайд
русия, сабтт, муҳоҷирон, қайд
Тарҳи қонун: Сабти муҳоҷирон дар ҷои иқомат дар Русия сабуктар мешавад
Вазорати умури дохилии Русия раванди сабти муҳоҷиратиро тағйир медиҳад, ки сарбории ин ниҳодро каму сабти шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷои икоматро сода месозад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки тағйири раванди сабти номи муҳоҷиронро пешбинӣ кардааст, хабар дод "Коммерсантъ".
Ба иттилои манбаъ, дар пайи қабули ин тарҳ раванди сабти муҳоҷирон дар ҷойи иқомат содатар мешавад.
Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур ба Вазорати корҳои дохилии кишвар дар густариши хизматрасониҳои КВД "Хадамоти шиноснома ва раводид" ва марказҳои бисёрманзура - "МФС" кумак мекунад.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки расмиёти пешниҳоди хадамоти давлатӣ соддатар ва як қисми сарборӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ бардошта шавад.
Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандон ба далели нарасидани кадр ва кам будани маош ба идораи муҳоҷират нобоварӣ доранд.
Ахиран сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВУД Русия, Валентина Казакова, ахиран хабар дод, ки низоми иттилоотии қайди муҳоҷиратӣ қабул шудаст.
Ба иттилои Казакова, ин система имкон медиҳад, ки ба ҳама мақоми муҳоҷират дастрасӣ фароҳам бошаду ҳаракати атбои хориҷӣ дар минтақаҳои Русия пайгирӣ шавад. Зикр шудаст, ки низоми нав ҳамчунин имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ "тезтар ва бо сифати беҳтар" ироа гарданд.
Ин дар ҳолест, ки ноиби раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, низ ахиран дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ФР ва Тоҷикистон дар Душанбе аз сабукиҳо дар ин бахш хабар дод.
Ба гуфта ӯ, бар асоси тағйироти тарҳрезишуда интизор меравад, муҳоҷир бевосита имкон дорад, мустақилона раваду худро дар қайд монад. Зарурати шахсан рафтани худи соҳиби хона, ки манзилро ба муҳоҷир ба иҷора медиҳад, аз байн меравад, тавзеҳ дод мақомдори Русия.
Маврид ба зикр аст, ки феълан шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, дар давоми 15 рӯз баъди вурудашон ба қаламрави Русия худро дар қайди муҳоҷиратӣ дар маҳалли иқоматашон монанд. Умдатан ин кор бо ҳузури бевоситаи қабулкунанда дар идораи муҳоҷирати маҳалли истиқомат сурат мегирад.