https://sputnik.tj/20221128/omodagi-bemorkhona-tojikiston-bebarqi-1053112005.html
Омодагии беморхонаҳои Тоҷикистон ба бебарқию зимистон: Тайёрӣ 100% нест
Омодагии беморхонаҳои Тоҷикистон ба бебарқию зимистон: Тайёрӣ 100% нест
Sputnik Тоҷикистон
Мушкили таъминоти барқ дар Тоҷикистон аз асосиҳо арзёбӣ шуда, ба иттилои шаҳрвандон нерӯи барқ дар навоҳӣ бо маҳдудият дода мешавад
2022-11-28T12:25+0500
2022-11-28T12:25+0500
2022-11-28T12:25+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
лимит
барқ
беморхона
омодагиҳо
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_0:199:1920:1279_1920x0_80_0_0_506da7de1e5ad8e6f3b8cd83c340476d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ҳолати қатъи интиқоли барқро пешбинӣ карда, омодагӣ дидаанд. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат 886 адад генераторҳои тавлиди барқ омода шуда, барои онҳо зиёда аз 57 ҳазор литр сӯзишворӣ захира гардидааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон дошт, ки дар сурати қатъи интиқоли барқ генераторҳои мазкур ба кор дароварда хоҳанд шуд. Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори ҳукумату фармоиши вазорат ситодҳо барои омодагӣ ба зимистон ташкил шуда, ба иттилои масъулин чораандешиҳо дар ин самт идома доранд. Сатҳи иҷрои нақшаи омодагӣ 99% арзёбӣ шудааст. Қаблан як гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ дар пайи санҷиш дар навоҳии ҷумҳурӣ муайян намуд, ки макотиб мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқро доранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар як мулоқоташ бо фаъолону сокинони шаҳри Норак маҳдудияти интиқоли барқ дар шаҳру навоҳиро эътироф намуд. "Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.Дар зимн Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мураккаби замони муосир дар бархе аз давлатҳои мутараққӣ низ маҳдудиятҳо дар бахши энержӣ роҳандозӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20221102/rahmon-limit-barq-tojikiston-1052578496.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045115832_215:0:1920:1279_1920x0_80_0_0_7b96a221c924e4aeba306ac2e3e0156c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, зимистон, сатҳ
Омодагии беморхонаҳои Тоҷикистон ба бебарқию зимистон: Тайёрӣ 100% нест
Мушкили таъминоти барқ дар Тоҷикистон аз асосиҳо арзёбӣ шуда, ба иттилои шаҳрвандон нерӯи барқ дар навоҳӣ бо маҳдудият дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ҳолати қатъи интиқоли барқро пешбинӣ карда, омодагӣ дидаанд.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат 886 адад генераторҳои тавлиди барқ омода шуда, барои онҳо зиёда аз 57 ҳазор литр сӯзишворӣ захира гардидааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон дошт, ки дар сурати қатъи интиқоли барқ генераторҳои мазкур ба кор дароварда хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори ҳукумату фармоиши вазорат ситодҳо барои омодагӣ ба зимистон ташкил шуда, ба иттилои масъулин чораандешиҳо дар ин самт идома доранд. Сатҳи иҷрои нақшаи омодагӣ 99% арзёбӣ шудааст.
Қаблан як гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ дар пайи санҷиш дар навоҳии ҷумҳурӣ муайян намуд, ки макотиб мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқро доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар як мулоқоташ бо фаъолону сокинони шаҳри Норак маҳдудияти интиқоли барқ дар шаҳру навоҳиро эътироф намуд.
"Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар зимн Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мураккаби замони муосир дар бархе аз давлатҳои мутараққӣ низ маҳдудиятҳо дар бахши энержӣ роҳандозӣ шудаанд.