https://sputnik.tj/20221127/suhbati-ushkovskaya-bonu-donbass-video-1053107195.html
Суҳбати старшина Юшковская - бонуе аз хатти пеши амалиёт, дар бораи вазъи Донбасс - видео
Суҳбати старшина Юшковская - бонуе аз хатти пеши амалиёт, дар бораи вазъи Донбасс - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҷанбаҳои муҳими рӯйдодҳои Донбассро онҳое, ки дар хатти пеш ҳастанд, беҳтар медонанд - хусусан агар ин таҷриба ҳудуди 8 сол идома дошта бошад
2022-11-27T20:00+0500
2022-11-27T20:00+0500
2023-02-08T19:46+0500
видео
донбасс
мусоҳиба
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053103580_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2acd846c849c7bcd7f45d5daa8e8cffb.jpg
Дар сафҳои артиши Украина, аз ҷумла дар воҳидҳои миллӣ моддаҳои гуногуни психотропӣ васеъ стифода мешаванд. Дар ин бора низомии воҳиди артиллерӣ, Марина Юшковская, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар ҳимояти Ватан истодааст, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки зархаридони хориҷӣ дар Украина назар ба қувваҳои мусаллаҳи худи ин кишвар боз ҳам фаъолтар меҷанганд.Лавров: Мардуми Украина аз низоми миллатгаро халос хоҳад шуд Юшковская инчунин ба суолҳо, ки чаро артиллерия асоси ҳама гуна муноқишаи низомӣ аст, артиши Русия аз артиши Украина чӣ фарқ дорад, қарори пайвастан бо Русия барои сокинони Донбасс чӣ маъно дошт, посух дод. Ҷавоб ба ин ва дигар суолҳои муҳимро метавон аз мусоҳибаи Sputnik Юшковская пайдо намуд. Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1b/1053103580_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_302e2691cb8671d9af5373a7516ded71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бону, низомӣ, хатти пеш, мубориза, донбасс
бону, низомӣ, хатти пеш, мубориза, донбасс
Суҳбати старшина Юшковская - бонуе аз хатти пеши амалиёт, дар бораи вазъи Донбасс - видео
20:00 27.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ҷанбаҳои муҳими рӯйдодҳои Донбассро онҳое, ки дар хатти пеш ҳастанд, беҳтар медонанд - хусусан агар ин таҷриба ҳудуди 8 сол идома дошта бошад
Дар сафҳои артиши Украина, аз ҷумла дар воҳидҳои миллӣ моддаҳои гуногуни психотропӣ васеъ стифода мешаванд.
Дар ин бора низомии воҳиди артиллерӣ, Марина Юшковская, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар ҳимояти Ватан истодааст, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки зархаридони хориҷӣ дар Украина назар ба қувваҳои мусаллаҳи худи ин кишвар боз ҳам фаъолтар меҷанганд.
Юшковская инчунин ба суолҳо, ки чаро артиллерия асоси ҳама гуна муноқишаи низомӣ аст, артиши Русия аз артиши Украина чӣ фарқ дорад, қарори пайвастан бо Русия барои сокинони Донбасс чӣ маъно дошт, посух дод.
Ҷавоб ба ин ва дигар суолҳои муҳимро метавон аз мусоҳибаи Sputnik Юшковская пайдо намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.