https://sputnik.tj/20221127/suhbati-nakhustin-kayhonnavardi-tojiktabor-1053100588.html
Суҳбати нахустин кайҳоннаварди тоҷиктабор: Аз парчамбардорӣ то аҷдоду орзуҳо
Суҳбати нахустин кайҳоннаварди тоҷиктабор: Аз парчамбардорӣ то аҷдоду орзуҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кайҳоннаварди тоҷиктабор дар шаҳри Душанбе аз бардоштани парчами Тоҷикистон ба кайҳон, аҷдодони худ аз Ӯротеппа ва насиҳатҳояш ба насли ҷавон гуфт
2022-11-27T16:30+0500
2022-11-27T16:30+0500
2022-11-27T16:32+0500
дар тоҷикистон
кайҳон
шарипов
кайҳоннавардӣ
суҳбат
юрий гагарин
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053080016_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_6ac0dd970f29590d6363b1c62dc080dc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кайҳоннавард Солиҷон Шарипов, бо даъвати "Россотрудничество" дар ифтитоҳи пайкараи Юрий Гагарин дар мактаби русию тоҷикӣ дар Душанбе иштирок дошт.Дар доираи ин сафар, ки охири ҳафтаи равон сурат гирифт, Шарипов ҳамчунин парчами бардоштааш дар кайҳонро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард. Ӯ 2 бор - солҳои 1998 ва 2004 ба кайҳон парвоз карда, дар маҷмуъ зиёда аз 201 шабонарӯз дар фазои кайҳон қарор доштаст. Вай дар суҳбати кӯтоҳе бо Sputnik Тоҷикистон аз нахустин парвозаш ба кайҳон, парчамбардорӣ, таҷриба ва тавсияаш ба ҷавонон гуфт. - Шумо ҳоло ба чӣ корҳо машғулед? - Дар маркази омодасозии кайҳоннавардон кор мекунам, мо ба самти ҷавонону таълим машғулем. Бо донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун, мутахассисони корхонаҳои соҳаи кайҳон кор мекунем ва албатта кор дар соҳаро барои ҷавонон таълим медиҳем. - Лутфан бигӯед, ки идеяи бардоштани парчами Тоҷикистон ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ аз куҷо пайдо шуд? Бобоюм зодаи шаҳри Ӯротеппаи Тоҷикистон буда, бибиям аз Хоразми Ӯзбекистон мебошад. Дар баробари хуни тоҷикӣ инчунин дар ман хуни русӣ, қирғизӣ ва уйғурӣ ҷорист, қисми зиёди ҳаётам марбути Тоҷикистон аст. Соли 2004-ум ба эҳтироми бобоям ба кайҳон парчами Тоҷикистонро бардоштам. Ёд дорам, ба мо гирифтани як кило бор иҷозат буд ва ман қарор кардам, беҳтарин чизеро, ки метавонам бигирам, парчам аст. - Эҳсосоти шумо вақте якум бор ба кайҳон баромадед чӣ гуна буд? - Бо сухан тасвир карданаш қариб ғайриимкон аст. Ба ҳадди тасвири мазаи клубника - тӯти заминӣ ба нафаре, ки ҳеч гоҳ онро нахӯрдааст, мушкил мебошад. Аммо ман орзу доштам ва сӯяш бо меҳнату интизоми сангин хеле тӯлонӣ, бо убури монеаҳо ҳаракат доштам.Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ зиёд дар бораи таърихи бузургу ҷолиби Осиёи Марказӣ мехондам, чӣ қадар қаблан олимони зиёде дошт. Фикр мекардам, ки чаро миёни кайҳоннавардон ҳеч зодаи Осиёи Марказӣ нест? Он гоҳ қарор кардам, ки худам нахустин хоҳам шуд. Ин хушбахтии бузург аст, вақте худро одам муфид эҳсос мекунад, вақте ҳазорҳо нафар ба ту эътимод доранд, натиҷаи корашонро ба ту бовар мекунанд, ин арзиши зиёд дорад. Дар мавриди кайҳон метавонам ҳаминро бигӯям, ки агар ҳамагӣ як бор ҳам парвоз мекардаму Заминро ҳамагӣ як давр давоми 90 дақиқа мезадам, арзиши даҳсолаҳо омодагиро медошт.- Ба насли ҷавони Тоҷикистон, ки хоҳиши амалисозии зарфиятҳояшро дар бахшҳои илмию амалӣ дорад, чӣ маслиҳатҳо медиҳед?- Ҳамеша бояд дар роҳи таҳсил талош кард, азми манфиат овардан ба кишваре кард, ки дар он иқомат мекунӣ. Аммо асоси ҳама дониш аст, ки худ аз худ ҳосил намешавад. Тавре Ленин гуфтаст, "хонед, хонед ва боз ҳам хонед". Маҳз ҳаминро ба насли ҷавон мехоҳам - худро ба касби ояндаашон омода соозанд. Ва инчунин муҳим аст, ки инсон орзу дошта бошад. Агар чунин набошад, ҳадафе барои талош, меҳнат ва пешрафт нахоҳад буд, дар пеш роҳе нест. Мехоҳам, ҳар ҷавон аз як тараф ҳадди имкон барвақттар касби ояндаашро муайян намояду тасаввури тақдири ояндаашро дошта бошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053080016_50:0:939:667_1920x0_80_0_0_99b4e9b2945fd58b23694d37be19d89f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, кайҳоннавард, тоҷиктабор, гузашта, оянда
суҳбат, кайҳоннавард, тоҷиктабор, гузашта, оянда
Суҳбати нахустин кайҳоннаварди тоҷиктабор: Аз парчамбардорӣ то аҷдоду орзуҳо
16:30 27.11.2022 (Навсозишуда: 16:32 27.11.2022) Эксклюзив
Кайҳоннаварди тоҷиктабор дар шаҳри Душанбе аз бардоштани парчами Тоҷикистон ба кайҳон, аҷдодони худ аз Ӯротеппа ва насиҳатҳояш ба насли ҷавон гуфт
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кайҳоннавард Солиҷон Шарипов, бо даъвати "Россотрудничество" дар ифтитоҳи пайкараи Юрий Гагарин дар мактаби русию тоҷикӣ дар Душанбе иштирок дошт.
Дар доираи ин сафар, ки охири ҳафтаи равон сурат гирифт, Шарипов ҳамчунин парчами бардоштааш дар кайҳонро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард. Ӯ 2 бор - солҳои 1998 ва 2004 ба кайҳон парвоз карда, дар маҷмуъ зиёда аз 201 шабонарӯз дар фазои кайҳон қарор доштаст.
Вай дар суҳбати кӯтоҳе бо Sputnik Тоҷикистон аз нахустин парвозаш ба кайҳон, парчамбардорӣ, таҷриба ва тавсияаш ба ҷавонон гуфт.
- Шумо ҳоло ба чӣ корҳо машғулед?
- Дар маркази омодасозии кайҳоннавардон кор мекунам, мо ба самти ҷавонону таълим машғулем. Бо донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун, мутахассисони корхонаҳои соҳаи кайҳон кор мекунем ва албатта кор дар соҳаро барои ҷавонон таълим медиҳем.
- Лутфан бигӯед, ки идеяи бардоштани парчами Тоҷикистон ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ аз куҷо пайдо шуд?
Бобоюм зодаи шаҳри Ӯротеппаи Тоҷикистон буда, бибиям аз Хоразми Ӯзбекистон мебошад. Дар баробари хуни тоҷикӣ инчунин дар ман хуни русӣ, қирғизӣ ва уйғурӣ ҷорист, қисми зиёди ҳаётам марбути Тоҷикистон аст.
Соли 2004-ум ба эҳтироми бобоям ба кайҳон парчами Тоҷикистонро бардоштам. Ёд дорам, ба мо гирифтани як кило бор иҷозат буд ва ман қарор кардам, беҳтарин чизеро, ки метавонам бигирам, парчам аст.
- Эҳсосоти шумо вақте якум бор ба кайҳон баромадед чӣ гуна буд?
- Бо сухан тасвир карданаш қариб ғайриимкон аст. Ба ҳадди тасвири мазаи клубника - тӯти заминӣ ба нафаре, ки ҳеч гоҳ онро нахӯрдааст, мушкил мебошад. Аммо ман орзу доштам ва сӯяш бо меҳнату интизоми сангин хеле тӯлонӣ, бо убури монеаҳо ҳаракат доштам.
Ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ зиёд дар бораи таърихи бузургу ҷолиби Осиёи Марказӣ мехондам, чӣ қадар қаблан олимони зиёде дошт. Фикр мекардам, ки чаро миёни кайҳоннавардон ҳеч зодаи Осиёи Марказӣ нест? Он гоҳ қарор кардам, ки худам нахустин хоҳам шуд.
Ин хушбахтии бузург аст, вақте худро одам муфид эҳсос мекунад, вақте ҳазорҳо нафар ба ту эътимод доранд, натиҷаи корашонро ба ту бовар мекунанд, ин арзиши зиёд дорад.
Дар мавриди кайҳон метавонам ҳаминро бигӯям, ки агар ҳамагӣ як бор ҳам парвоз мекардаму Заминро ҳамагӣ як давр давоми 90 дақиқа мезадам, арзиши даҳсолаҳо омодагиро медошт.
- Ба насли ҷавони Тоҷикистон, ки хоҳиши амалисозии зарфиятҳояшро дар бахшҳои илмию амалӣ дорад, чӣ маслиҳатҳо медиҳед?
- Ҳамеша бояд дар роҳи таҳсил талош кард, азми манфиат овардан ба кишваре кард, ки дар он иқомат мекунӣ. Аммо асоси ҳама дониш аст, ки худ аз худ ҳосил намешавад. Тавре Ленин гуфтаст, "хонед, хонед ва боз ҳам хонед". Маҳз ҳаминро ба насли ҷавон мехоҳам - худро ба касби ояндаашон омода соозанд.
Ва инчунин муҳим аст, ки инсон орзу дошта бошад. Агар чунин набошад, ҳадафе барои талош, меҳнат ва пешрафт нахоҳад буд, дар пеш роҳе нест. Мехоҳам, ҳар ҷавон аз як тараф ҳадди имкон барвақттар касби ояндаашро муайян намояду тасаввури тақдири ояндаашро дошта бошад.