Раҳмону Макрон вазъи Афғонистону бозгашти сулҳро баррасӣ кардаанд

© пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Обуна шудан
Суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Фаронса бо ташаббуси ҷониби Душанбе сурат гирифта, вазъи минтақа ва ҷаҳон аз мавзуъҳои он будааст
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро таъкид намудаст.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосирро низ баррасӣ намудаанд.
Дар феҳрасти хатарҳои асосӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зикр гардидаанд.
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
На ба тарафдорию на зидди касе: Ба гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот дар Душанбе киҳо меоянд?
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки зимнан, қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошта, дар ин қарина атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ва дурнамои рушди он мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт.
"Президентҳо зарурати коркарди мавқеъҳои умумӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мусоидат ба раванди интиқоли ин кишвар ба маҷрои сулҳу субот ҳамчун шарти асосии таъмини амнияти минтақа таъкид карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар хотимаи суҳбат президентҳо аз сатҳу ҳолати муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ба татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни музокироти сатҳи олӣ дар Париж дар соли 2021-ро таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0