Низоми нави қайди муҳоҷиратӣ дар Русия ба кор оғоз кард

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкЦентр содействия мигрантам в Волгограде
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Низоми ҷадиди қайди муҳоҷиратӣ дар сохтори Вазорати умури дохилии Русия роҳандозӣ гардида, аз имконоти ҷадиди техникӣ бархӯрдор мебошад
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия системаи сабти номи муҳоҷиратро фаъол каррдааст, ки бо ёрии он метавон дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва русиягиҳо маълумотномаи электрониро дастрас кард.
Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВУД Русия, Валентина Казакова, зимни нишаст дар маркази матбуотии "Россия сегодня" баён дошт.
"Дар ВУД низоми иттилоотии қайди муҳоҷиратӣ қабул шудаст. Ин маҳсулоти хеле муҳими иттилоотӣ мебошад, ки имкон медиҳад, ҳам дар бораи шаҳрванди Русия ва ҳам шаҳрванди хориҷӣ маълумотномаи электронӣ дастрас гардад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои Казакова, ин система имкон медиҳад, ки ба ҳама мақоми муҳоҷират дастрасӣ фароҳам бошаду ҳаракати атбои хориҷӣ дар минтақаҳои Русия пайгирӣ шавад. Зикр шудаст, ки низоми нав ҳамчунин имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ "тезтар ва бо сифати беҳтар" ироа гарданд.
Люди в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Дар Русия мехоҳанд тартиби вуруди хориҷиёнро тағйир диҳанд
Ин дар ҳолест, ки ахиран ноиби раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, ахиран дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ФР ва Тоҷикистон дар Душанбе аз сабукиҳо дар ин бахш хабар дод.
Ба гуфта ӯ, бар асоси тағйироти тарҳрезишуда интизор меравад, муҳоҷир бевосита имкон дорад, мустақилона раваду худро дар қайд монад. Зарурати шахсан рафтани худи соҳиби хона, ки манзилро ба муҳоҷир ба иҷора медиҳад, аз байн меравад, тавзеҳ дод мақомдори Русия.
Маврид ба зикр аст, ки феълан шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, дар давоми 15 рӯз баъди вурудашон ба қаламрави Русия худро дар қайди муҳоҷиратӣ дар маҳалли иқоматашон монанд. Умдатан ин кор бо ҳузури бевоситаи қабулкунанда дар идораи муҳоҷирати маҳалли истиқомат сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0