https://sputnik.tj/20221125/barkanori-mansabdori-tojik-sanjish-kambudi-1053061303.html
Барканории 11 мансабдори тоҷик: Санҷиш ба маблағи 210 млн сомонӣ камбудӣ ошкор кардаст
Барканории 11 мансабдори тоҷик: Санҷиш ба маблағи 210 млн сомонӣ камбудӣ ошкор кардаст
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - сентябр дар зиёда аз 130 идораю муассисаи давлатӣ санҷишҳои аудиторӣ гузарондаанд
2022-11-25T12:10+0500
2022-11-25T12:10+0500
2022-11-25T12:10+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сомонӣ
маблағ
ошкор
камбудӣ
палатаи ҳисоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102519/28/1025192845_0:244:1920:1324_1920x0_80_0_0_a26fef26a001601823a06600a2dbf43c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар нуҳмоҳаи аввали соли равон дар муассисаю идораҳои Тоҷикистон қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи беш 210 млн сомонӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин миқдор камбуди молиявӣ дар натиҷаи амалӣ кардани 131 чорабинии аудиторӣ ошкор гардид. Таъкид шуд, ки камбудии ошкоршуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 62,5 млн сомонӣ зиёдтар мебошад. Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълон доштанд, ки беш аз 99%-и маблағи ошкоршуда барқарор гардид. Ин ниҳод ҳаҷми маблағи барқароршударо наздики 209 млн сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тавзеҳ дода шуд, ки аз ҳаҷми умумии маблағи барқароршуда, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ наздики 97 млн сомонӣ ва ба корхонаҳо наздики 95 млн сомонӣ рост меояд. Дар бархе ҳолатҳо барои барқарор кардани маблағ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Такъид гардидаст, ки дар нуҳ моҳ тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,5 млн сомонӣ барқарор гардиданд. Ҳаҷми умумии маблағи барқароршуда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 71 млн сомонӣ бештар мебошад. Инчунин дар нуҳмоҳа аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардидаи солҳои қаблӣ 1,7 млн сомонӣ низ барқарор шудаанд. Палатаи ҳисоб дар пайи санҷишҳо ба мактубу тавсияҳоро пешниҳод кардааст, ки дар пайи баррасии онҳо зиёда аз 240 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, ҳамчунин 11 мақомдор аз вазифаашон барканор шудаанд.
https://sputnik.tj/20221117/naqsha-daromad-buja-tojikiston-ijro-1052892220.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102519/28/1025192845_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_26ece24697a49d86f36365852d670ac6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, санҷиш, палатаи ҳисоб, тоҷикистон, нуҳмоҳа
натиҷа, санҷиш, палатаи ҳисоб, тоҷикистон, нуҳмоҳа
Барканории 11 мансабдори тоҷик: Санҷиш ба маблағи 210 млн сомонӣ камбудӣ ошкор кардаст
Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - сентябр дар зиёда аз 130 идораю муассисаи давлатӣ санҷишҳои аудиторӣ гузарондаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар нуҳмоҳаи аввали соли равон дар муассисаю идораҳои Тоҷикистон қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи беш 210 млн сомонӣ ошкор карда шудааст.
Дар ин бора Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин миқдор камбуди молиявӣ дар натиҷаи амалӣ кардани 131 чорабинии аудиторӣ ошкор гардид.
Таъкид шуд, ки камбудии ошкоршуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 62,5 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.
Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълон доштанд, ки беш аз 99%-и маблағи ошкоршуда барқарор гардид. Ин ниҳод ҳаҷми маблағи барқароршударо наздики 209 млн сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки аз ҳаҷми умумии маблағи барқароршуда, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ наздики 97 млн сомонӣ ва ба корхонаҳо наздики 95 млн сомонӣ рост меояд.
Дар бархе ҳолатҳо барои барқарор кардани маблағ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Такъид гардидаст, ки дар нуҳ моҳ тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,5 млн сомонӣ барқарор гардиданд.
Ҳаҷми умумии маблағи барқароршуда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 71 млн сомонӣ бештар мебошад.
Инчунин дар нуҳмоҳа аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардидаи солҳои қаблӣ 1,7 млн сомонӣ низ барқарор шудаанд.
Палатаи ҳисоб дар пайи санҷишҳо ба мактубу тавсияҳоро пешниҳод кардааст, ки дар пайи баррасии онҳо зиёда аз 240 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, ҳамчунин 11 мақомдор аз вазифаашон барканор шудаанд.