https://sputnik.tj/20221123/tuhfai-raisi-viloyati-sughd-ba-sayram-isoeva-1053017609.html
Туҳфаи раиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева
Туҳфаи раиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ба чеҳраҳи фарҳангии кишвар барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ туҳфаҳо дод
2022-11-23T18:30+0500
2022-11-23T18:30+0500
2022-11-23T18:30+0500
дар тоҷикистон
суғд
хизмат
сайрам исоева
раҷаббой аҳмадзода
туҳфа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/17/1053017389_0:39:1281:759_1920x0_80_0_0_407afcb4565d7c27ad2ed3cb011dafb0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, қабл аз оғози машварат Раиси вилоят ба Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони кишвар Аҳмадҷони Раҳматзод туҳфаҳои хотиравӣ супорид.Тӯҳфаҳо барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон супорида шудааст.Сипас, ҷараёни ин маҷлис корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.Барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили зироатҳо ва меваю сабзавот, бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ пурра таъмин кардани бозорҳои дохилӣ, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта, аз ғўзапоя холӣ кардани пахтазор ва гузарондани шудгори тирамоҳӣ, супоришҳо дода шуд.Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар мӯҳлати оптималӣ гузаронидани кишти такрорӣ, бахусус ғалладонагиҳо, афзун намудани теъдоди гармхонаҳои муосир ва зиёд намудани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бо усулҳои нисбатан камхарҷ бунёд кардани гармхонаҳо ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини назорати иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи Қоннуни Тоҷикистон ба масъулин супоришҳо дода шуд.
https://sputnik.tj/20221116/sughd-covid--19-vaksina-1052875394.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/17/1053017389_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_be8659a5573b5ca33b3df86bb0ca0fa4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таджикистан, суғд, исоева, туҳфа, раиси вилояти суғд, барои хизмат
таджикистан, суғд, исоева, туҳфа, раиси вилояти суғд, барои хизмат
Туҳфаи раиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева
Раиси вилояти Суғд ба чеҳраҳи фарҳангии кишвар барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ туҳфаҳо дод
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, қабл аз оғози машварат Раиси вилоят ба Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони кишвар Аҳмадҷони Раҳматзод туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Тӯҳфаҳо барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон супорида шудааст.
Сипас, ҷараёни ин маҷлис корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили зироатҳо ва меваю сабзавот, бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ пурра таъмин кардани бозорҳои дохилӣ, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта, аз ғўзапоя холӣ кардани пахтазор ва гузарондани шудгори тирамоҳӣ, супоришҳо дода шуд.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар мӯҳлати оптималӣ гузаронидани кишти такрорӣ, бахусус ғалладонагиҳо, афзун намудани теъдоди гармхонаҳои муосир ва зиёд намудани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бо усулҳои нисбатан камхарҷ бунёд кардани гармхонаҳо ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини назорати иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи Қоннуни Тоҷикистон ба масъулин супоришҳо дода шуд.