Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Қазоқистон аз “Баҳри тоҷик” об медиҳад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонСтроительство Рогунской ГЭС в Таджикистане
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Обуна шудан
Се кишвари ИДМ Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон барои гузаронидани об тавассути обанбори Қайроққум ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар мавриди гузаронидани ҳаҷми об аз обанбори “Баҳри тоҷик” ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон.
Вазири қазоқ дар бораи бурдани корҳо бо кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати таъмини партоби иловагии об аз обанборҳои болооб гузориш дод.
“Шартҳои коркарди обанбори "Баҳри тоҷик" мувофиқа карда шуданд. Ин шартҳо дар Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) мустаҳкам карда шудаанд”, — таъкид кардааст Сериккали Брекешев.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Аз об то марз – масоили мавриди гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов
Ёдовар мешавем, ки тавофуқ дар бораи гузаронидани об тавассути обанбори “Баҳри тоҷик”, ки аз Токтогули Қирғизистон партоб шудааст, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо бастани санади сеҷониба (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон) ҳосил шуда буд.
Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) — дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст.
Собиқ "Обанбори Қайроққум" солҳои 50 - ӯми асри XX бунёд ёфта барои захираву обёрии заминҳои водии Фарғона низ истифода бурда мешавад. Обанбори Қайроққум, минбаъд бо номигузории "Баҳри тоҷик" маъмул шудааст.
Лентаи хабарҳо
0