https://sputnik.tj/20221123/tojikiston-id-nav-qabul-1053014769.html
Қабули иди нав дар Тоҷикистон
Қабули иди нав дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун дар бораи рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ гардидаанд
2022-11-23T15:55+0500
2022-11-23T15:55+0500
2022-11-23T15:55+0500
дар тоҷикистон
ид
касбӣ
парлумон
тағйирот
қонун
мақомот
мақомот
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи нави идро дар ҷумҳурӣ қабул кард, ки 6 май таҷлил мешавад, хабар дод дафтари матбуоти парлумони кишвар. Ба иттилои манбаъ, вакилон ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид намуданд. Бар асоси ин тағйирот, минбаъд 6 май ҳамчун "Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ" муайян шудааст. "Муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони бахшҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гиранд", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.Аз ҷумла ахиран 5 апрел дар кишвар иди нав - Рӯзи кормандони мақомоти иҷро эълон гардид. Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат доранд.
https://sputnik.tj/20221103/tojikiston-jashn-nav-paydo-1052613135.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ид, нав, қабул, тоҷикистон, парлумон
ид, нав, қабул, тоҷикистон, парлумон
Қабули иди нав дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун дар бораи рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи нави идро дар ҷумҳурӣ қабул кард, ки 6 май таҷлил мешавад, хабар дод дафтари матбуоти парлумони кишвар.
Ба иттилои манбаъ, вакилон ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид намуданд.
Бар асоси ин тағйирот, минбаъд 6 май ҳамчун "Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ" муайян шудааст.
"Муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони бахшҳои гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.
Аз ҷумла ахиран 5 апрел дар кишвар иди нав - Рӯзи кормандони мақомоти иҷро эълон гардид.
Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат доранд.