https://sputnik.tj/20221123/tanho-oghoz-erdughon-amaliyot-suriya-iroq-1053017205.html
Ин танҳо оғоз аст: Эрдуғон дар бораи амалиёт дар Сурия ва Ироқ
Ин танҳо оғоз аст: Эрдуғон дар бораи амалиёт дар Сурия ва Ироқ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия аз оғози амалиёти низомии заминӣ дар Сурия ҳушдор дода, афзуд, ваъдаҳо дар мавриди адами хатар аз ин минтақаҳо амалӣ нашуда истодаанд
2022-11-23T17:24+0500
2022-11-23T17:24+0500
2022-11-23T17:26+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амалиёт
низомӣ
сурия
ироқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Амалиёти низомиёни Туркия дар шимоли Сурия ва Ироқ "танҳо ибтидо аст" изҳор дошт раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Туркия ҳақ дорад, мувозиби худ бошад, таъкид намудаст ӯ дар нишасти ҳизби ҳоким. "Маълум шуд, ки онҳое, ки мегуфтанд, аз минтақаи Сурияи таҳти назораташон ба кишвари мо таҳдиде нахоҳад буд, ба ваъдаашон вафо карда наметавонанд. Мо ба ҳарфҳои худ дар бораи марзҳои Сурия содиқ мондем, аммо агар мухолифони мо натавонанд, ба ваъдаи худ вафо кунанд. пас мо ҳақ ба мувозибати худ дорем", - гуфт ӯ. Эрдуғон таъкид кард, ки артиши Туркия фурсати муносиб ба ҳамла ба "террористон дар замин"-ро шурӯъ хоҳад кард, минтақаро аз террористҳо "пок месозад". Ин дар ҳолест, ки вай ахиран амалиёти нерӯҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Ироқ ва Сурияро бомуваффақият хонд. "Дар ҷараёни амалиёт 89 ҳадаф, ки аз паноҳгоҳҳо, бункерҳо, ғорҳо, нақбҳо, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, ба истилоҳ ситод ва лагерҳои таълимии террористҳо иборатанд, бомуваффақият нобуд карда шуданд, ки ба амнияти кишвари мо таҳдид доштанд", - гуфт ӯ.Раисҷумҳури Туркия тавзеҳ дод, ки дар пайи ин амалиёт 45 ҳадафи террористӣ дар умқи 140 километр дар шимоли Ироқ ва 44 ҳадаф дар умқи то 20 километр дар Сурия бо зарбаҳои дорои дақиқияти баланд нобуд карда шуданд.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Туркия ба манотиқи курднишини Сурия ва Ироқ ҳамла карда, дар доираи амалиёт зери унвони "Ҷанг-шамшер" аз ҷумла, дар шаҳри Кубониро мавриди зарба қарор додаст.Анқара бовар дорад, ки фармони анҷоми таркиш дар Истанбул маҳз аз ҳамон ҷо будааст, аммо ҷониби дигар мегӯяд, ки дар ин кор даст надошт.
https://sputnik.tj/20221122/erdughon-amriko-musallah-jangjuyon-kurd-suriya-muttaham-1052995234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, амалиёт, заминӣ, сурия, эрдуғон
ҳушдор, амалиёт, заминӣ, сурия, эрдуғон
Ин танҳо оғоз аст: Эрдуғон дар бораи амалиёт дар Сурия ва Ироқ
17:24 23.11.2022 (Навсозишуда: 17:26 23.11.2022) Раисҷумҳури Туркия аз оғози амалиёти низомии заминӣ дар Сурия ҳушдор дода, афзуд, ваъдаҳо дар мавриди адами хатар аз ин минтақаҳо амалӣ нашуда истодаанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Амалиёти низомиёни Туркия дар шимоли Сурия ва Ироқ "танҳо ибтидо аст" изҳор дошт раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Туркия ҳақ дорад, мувозиби худ бошад, таъкид намудаст ӯ дар нишасти ҳизби ҳоким.
"Маълум шуд, ки онҳое, ки мегуфтанд, аз минтақаи Сурияи таҳти назораташон ба кишвари мо таҳдиде нахоҳад буд, ба ваъдаашон вафо карда наметавонанд. Мо ба ҳарфҳои худ дар бораи марзҳои Сурия содиқ мондем, аммо агар мухолифони мо натавонанд, ба ваъдаи худ вафо кунанд. пас мо ҳақ ба мувозибати худ дорем", - гуфт ӯ.
Эрдуғон таъкид кард, ки артиши Туркия фурсати муносиб ба ҳамла ба "террористон дар замин"-ро шурӯъ хоҳад кард, минтақаро аз террористҳо "пок месозад".
Ин дар ҳолест, ки вай ахиран амалиёти нерӯҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Ироқ ва Сурияро бомуваффақият хонд.
"Дар ҷараёни амалиёт 89 ҳадаф, ки аз паноҳгоҳҳо, бункерҳо, ғорҳо, нақбҳо, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, ба истилоҳ ситод ва лагерҳои таълимии террористҳо иборатанд, бомуваффақият нобуд карда шуданд, ки ба амнияти кишвари мо таҳдид доштанд", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Туркия тавзеҳ дод, ки дар пайи ин амалиёт 45 ҳадафи террористӣ дар умқи 140 километр дар шимоли Ироқ ва 44 ҳадаф дар умқи то 20 километр дар Сурия бо зарбаҳои дорои дақиқияти баланд нобуд карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Туркия ба манотиқи курднишини Сурия ва Ироқ ҳамла карда, дар доираи амалиёт зери унвони "Ҷанг-шамшер" аз ҷумла, дар шаҳри Кубониро мавриди зарба қарор додаст.
Анқара бовар дорад, ки фармони анҷоми таркиш дар Истанбул маҳз аз ҳамон ҷо будааст, аммо ҷониби дигар мегӯяд, ки дар ин кор даст надошт.