Собиқ мақомдори тоҷик роҳи ҳалли муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро гуфт - видео

Обуна шудан
Собиқ раиси хоҷагии Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар бораи пешгирӣ аз рухдоди муноқиша ва чи гуна барқарор намудани суботи марзӣ изҳори назар кард
Неъматбой Олимов, собиқ раиси хоҷагии кишоварзии ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи масъалаи марз суҳбат кард.
Ӯ гуфт, барои барқарор намудани ин омил, ки аҳамияти он барои мардумони наздимарзии Исфараву Ботканд аз ҳар чизи дигар муҳим мебошад, истифодаи роҳҳои маҳаллӣ бузург аст.
Чоркӯҳ: сохтмони бист хонаи сӯхташуда дар марз ба анҷом расидааст – акс
Ҳамсӯҳбати мо бо зикри ин нукта ба нақши роҳу купрукҳое ишора кард, ки дар ҳудуди деҳоти Чоркӯҳи Исфара мавҷуд буда, онҳо деҳаҳои Куктош ва Ортобузи Боткандро ба ҳам мепайвандад ва ҳам роҳи ҳудуди деҳоти Оқсой, ки дар навбати худ пайвандгари деҳоти Ворух будаанд.
Инҳо роҳҳоеанд, ки то ин замон маҳдудсозии истифодаи онҳо ба нигаронии сокинони наздимарзии Исфара ва Ботканд афзуда ва боиси шиддатгирии муноқишаҳои марзӣ шудаанд.
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
Ба таъкиди Олимов, омиле вуҷуд дорад, ки шиддати ин ҳама доду ситадҳои марзиро поён кунад ва ба ҷойи он, субот ва муносиботи хуби ҳамсоягӣ дар марз барқарор шавад.
“Ҳам ба чорроҳаи ҳудуди Чоркӯҳ, ки мо онро минтақаи Зарафшон мегуем ва ҳам роҳи Ворух, ки аз ҳудуди Оқсой убур мекунад мақоми истифодаи умум дода шавад. Бигзор аз ин роҳҳо сокинони ҳарду кишвар бе мамоният равуо кунанд. Ба ин васила кинаварзӣ дигар боқӣ намемонад ва ба таври табиӣ субот ва муносиботи хуби иқтисодӣ барқарор хоҳад шуд”- зикр кард, Олимов.
Лентаи хабарҳо
0