https://sputnik.tj/20221122/tojikistonu-hind-qochoq-mavodi-mukhaddir-kiberjinoyat-1052990669.html
Тоҷикистону Ҳинд масоли қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ҳинд масоли қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ҳинд ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятро баррасӣ карданд
2022-11-22T14:25+0500
2022-11-22T14:25+0500
2022-11-22T14:25+0500
дар тоҷикистон
ҳиндустон
ҳамкорӣ
вкд
терроризм
кочоқ
маводи мухаддир
ҷинояткорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052990468_0:94:1024:670_1920x0_80_0_0_401f60bff2ba6a940511d927d00586f5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар ҳошияи Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Ҳинд мулоқоти Абдураҳмон Аламшозода бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Свагат Дас сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо имконияту роҳҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят баррасӣ шуд.Манбаъ хабар додааст, ки ҳамзамон дар дар ин дидор тақвияти иқтидори миллӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.Дидори мазкур дар чаҳорчуби Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд сурат гирифт.Рӯзи 8-19 ноябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода дар Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави ширкат варзид.Абдураҳмон Аламшозода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам ибрози андеша намуд.Вай инчунин дар ҷаласаи пленарии конфронс суханронӣ карда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузорӣ ба он даъват ба амал овард.
https://sputnik.tj/20221122/hind-smm-tashkil-hukumat-farogir-afghoniston-1052981928.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052990468_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_8c9ecfb4688d9959efffec7a3a4c9861.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳинд, мубориза бо ҷинояткорӣ, маводи мухаддир, терроризм, қочоқи маводи мухаддир
тоҷикистон, ҳинд, мубориза бо ҷинояткорӣ, маводи мухаддир, терроризм, қочоқи маводи мухаддир
Тоҷикистону Ҳинд масоли қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ҳинд ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар ҳошияи Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Ҳинд мулоқоти Абдураҳмон Аламшозода бо муовини Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Свагат Дас сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо имконияту роҳҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноят баррасӣ шуд.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳамзамон дар дар ин дидор тақвияти иқтидори миллӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Дидори мазкур дар чаҳорчуби Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд сурат гирифт.
Рӯзи 8-19 ноябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода дар Конфронси вазирон барои мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар шаҳри Деҳлии Нави ширкат варзид.
Абдураҳмон Аламшозода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо маблағгузории терроризм, тақвияти мудирияти сарҳадоти давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам ибрози андеша намуд.
Вай инчунин дар ҷаласаи пленарии конфронс суханронӣ карда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумоту таҷриба дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузорӣ ба он даъват ба амал овард.