Муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав як хонаводаро аз марг наҷот дод

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Феълан, маълумоти бештар дар бораи муҳоҷири тоҷик дар даст нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ як зану шавҳар ва фарзанди ноболиғи онҳоро аз марг наҷот дод
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Субҳи барвақти рӯзи 22 ноябр дар деҳаи Месерово дар канори шаҳри Клин дар як манзили истиқоматӣ балони газ таркид, хабар медиҳад нашрияи “МК”.
Бар хабари манбаъ, дар хонае, ки ҳодисаи нохуш рух дод, як хонавода иборат аз се нафар – зану шавҳар ва фарзанди се солаи онҳо ба сар мебурданд.
Пас аз таркиши балони газ ба кумаки ҷабрдидаҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон шитофт, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар як вагон зиндагӣ мекард.
Пассажиры на станции Новослободская Московского метрополитена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Муҳоҷири тоҷике дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот дод
Гуфта мешавад, марду зан ва кӯдак аз ҷо ҷунбида наметавонистанд ва сару рӯяшон аз дуд сип-сиёҳ шуда, рӯи зан хуншор шуда буд. Муҳоҷири тоҷик ба хадамоти сӯхторнишонӣ ва “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, ҷабрдидаҳоро аз хона бароварда, бо мошин онҳоро то сари роҳ бурдааст. Он ҷо ҷабрдидаҳоро мошини Ёрии таъҷилӣ гирифта, ба бемористон интиқол дод.
Манбаъ маълумоти бештар дар бораи ному насаб, синну соли муҳоҷирро нашр накардаст. Бояд чунин ҳолат бори аввал рух надода, қаблан низ ҳолатҳои зиёде буданд, ки маҳз муҳоҷирони тоҷик одамонро аз обу оташ наҷот медоданд.
Лентаи хабарҳо
0