https://sputnik.tj/20221122/hamdardi-rahmon-vidodo-zaminlarzav-anduhgin-1052986440.html
Ҳамдардии Раҳмон ба Видодо: Аз заминларзаву паёмадҳо он сахт андуҳгин шудем
Ҳамдардии Раҳмон ба Видодо: Аз заминларзаву паёмадҳо он сахт андуҳгин шудем
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои индонезиаш вобаста ба ҷон бохтани теъдоди зиёди одамон дар заминларзаи ахир дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
2022-11-22T11:40+0500
2022-11-22T11:40+0500
2022-11-22T11:52+0500
дар тоҷикистон
индонезия
эмомалӣ раҳмон
барқия
барқияи таслият
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052013979_0:122:3067:1847_1920x0_80_0_0_d8c7756c993985f2ac40391e8405591b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи худро ба Ҷоко Видодо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор кардааст.“Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.Тибқи расонаҳои маҳаллӣ дар заминҷунбии ахире, ки дар Индонезия сурат гирифт дасти кам 162 нафа ҷони худро аз даст додаанд.Дар Индонезия, дар ҷазираи Ява рӯзи якшанбе заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи он аз рӯи ҷадвали рихтер 5,6 балл арзёбӣ мешавад. Дар ин ҳодиса дасти кам 162 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан 14 ҳазор сокини Ява хонаҳои худро аз даст доданд ва ҳоло дар урдугоҳҳо барои қурбониён ва гурезаҳо зиндагӣ доранд.
https://sputnik.tj/20221121/siyosat-rahmon-safiron-khorij-1052962878.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052013979_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_9386197cbed8b3d91650ed59a5b2020c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамдардӣ, раҳмон, заминларза, андуҳгин, барқия, индонезия
тоҷикистон, ҳамдардӣ, раҳмон, заминларза, андуҳгин, барқия, индонезия
Ҳамдардии Раҳмон ба Видодо: Аз заминларзаву паёмадҳо он сахт андуҳгин шудем
11:40 22.11.2022 (Навсозишуда: 11:52 22.11.2022) Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои индонезиаш вобаста ба ҷон бохтани теъдоди зиёди одамон дар заминларзаи ахир дар ин кишвар барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
“Хабари заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки бар асари он теъдоди зиёди одамон ҷон бохтаву осеб диданд, боиси андуҳи мо гардид”,- зикр кардааст раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияаш.
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи худро ба Ҷоко Видодо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор кардааст.
“Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи расонаҳои маҳаллӣ дар заминҷунбии ахире, ки дар Индонезия сурат гирифт дасти кам 162 нафа ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Индонезия, дар ҷазираи Ява рӯзи якшанбе заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи он аз рӯи ҷадвали рихтер 5,6 балл арзёбӣ мешавад. Дар ин ҳодиса дасти кам 162 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан 14 ҳазор сокини Ява хонаҳои худро аз даст доданд ва ҳоло дар урдугоҳҳо барои қурбониён ва гурезаҳо зиндагӣ доранд.