https://sputnik.tj/20221121/ijro-naqsha-jamovari-pakhta-tojikiston-1052967592.html
То иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 33 ҳазор тоннаи дигар мондаст
То иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 33 ҳазор тоннаи дигар мондаст
Sputnik Тоҷикистон
Пахта аз маҳсулоти асосии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бар асоси дурнамо соли равон ҷамъоварии 425 ҳазор тоннаи он дар нақша аст
2022-11-21T15:20+0500
2022-11-21T15:20+0500
2022-11-21T15:20+0500
дар тоҷикистон
пахта
иқтисод
ҷамъоварӣ
ҳосил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102429/01/1024290180_0:234:3000:1922_1920x0_80_0_0_1d1b5066d4830f3c4945c0c652fdf154.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар навоҳии Тоҷикистон ба ҳолати 18 ноябр наздики 492 ҳазор тоннаро ташкил додааст.Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҳаҷми ҷамъоваришудаи пахта дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бар асоси омори ироанамудаи ин ниҳод то иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ, пахтакоронро зарур аст, ки 33 ҳазор тоннаи дигар "тилои сафед" ғундоранд. Тибқи дурнамо дар назар аст, ки дар ҷумҳурӣ соли равон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 181,5 ҳазор гектар пахта корида шудаст, ки аз ин ба вилояти Суғд - 57,1 ҳазор гектар, дар вилояти Хатлон - 121,6 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,6 ҳазор гектар рост меояд. Ба ҳолати охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон 268,7 ҳазор тонна, вилояти Суғд 117,6 ҳазор тонна ва НТҶ зиёда аз 5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидаст. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон пахта аз маҳсулоти асосии кишвоварзии Тоҷикистон мебошад, ки ба хориҷи кишвар содир мегардаду то чанд соли қабл дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Масъулин мегӯянд, арзиши кишти пахта дар ҷумҳурӣ соли равон ба далели боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ гаронтар афтид.
https://sputnik.tj/20221016/tojikiston-qadar-molro-uzbekiston-1052166619.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102429/01/1024290180_227:0:2894:2000_1920x0_80_0_0_0fd777abfa6de8516cb82c2c146a457d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷро, нақша, ҷамъоварӣ, пахта
иҷро, нақша, ҷамъоварӣ, пахта
То иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 33 ҳазор тоннаи дигар мондаст
Пахта аз маҳсулоти асосии кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бар асоси дурнамо соли равон ҷамъоварии 425 ҳазор тоннаи он дар нақша аст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар навоҳии Тоҷикистон ба ҳолати 18 ноябр наздики 492 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҳаҷми ҷамъоваришудаи пахта дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Бар асоси омори ироанамудаи ин ниҳод то иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ, пахтакоронро зарур аст, ки 33 ҳазор тоннаи дигар "тилои сафед" ғундоранд. Тибқи дурнамо дар назар аст, ки дар ҷумҳурӣ соли равон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 181,5 ҳазор гектар пахта корида шудаст, ки аз ин ба вилояти Суғд - 57,1 ҳазор гектар, дар вилояти Хатлон - 121,6 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,6 ҳазор гектар рост меояд.
Ба ҳолати охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон 268,7 ҳазор тонна, вилояти Суғд 117,6 ҳазор тонна ва НТҶ зиёда аз 5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон пахта аз маҳсулоти асосии кишвоварзии Тоҷикистон мебошад, ки ба хориҷи кишвар содир мегардаду то чанд соли қабл дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.
Масъулин мегӯянд, арзиши кишти пахта дар ҷумҳурӣ соли равон ба далели боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ гаронтар афтид.