https://sputnik.tj/20221121/chorkuh-sokhtmon-khonai-marz-anjom-aks-1052973199.html
Чоркӯҳ: сохтмони бист хонаи сӯхташуда дар марз ба анҷом расидааст – акс
Чоркӯҳ: сохтмони бист хонаи сӯхташуда дар марз ба анҷом расидааст – акс
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони бист хонаи сокинони деҳоти Чоркӯҳи Исфара, ки ахиран дар натиҷаи муноқишаи марзӣ сухта валангор шуда буданд, ба соҳибонашон супорида мешаванд
2022-11-21T18:55+0500
2022-11-21T18:55+0500
2022-11-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
марз
хонаҳои нав
бунёд
муноқишаи марзӣ
чоркӯҳ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052972305_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7ca0ff0788bd96e404a3589991c7e9b1.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Қарор аст, ки то се рӯзи баъд, ин хонаҳои навбунёди сокинони наздимарзӣ дубора ба соҳибонашон тақдим хоҳад шуд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар кард ва аз ҷараёни сохтмони манзилҳое, ки ахиран дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд.Масъулин ва сохтмончиёни деҳоти наздимарзии шаҳри Исфара дар бораи баистифодадиҳии бист манзини навсохт дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хабар медиҳанд.Ҳоло беш аз 95 дарсад корҳои сохтмонии ин манзилҳои истиқоматӣ ба иҷро расонида шудааст. Сохтмончиён азм доранд корҳои рангубори дохил ва беруни хонаҳоро ба итмом расонанд.Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон қарор аст, рӯзи 25 ноябр дар марҳилаи аввал бист иморати навсохт дар деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шавад.Манзили истиқоматии Ғафурҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Сомониён яке аз онҳост.Ин сокини наздимарзии ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин хона онҳо чаҳор оилаи иборат аз 18 нафар зиндагӣ мекарданд, аммо дар натиҷаи рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзии рӯзи 14 ба 16 сентябр ҳамаи хонаҳои онҳо сӯхта ба хокистар табдил шуд.Бо гузашти беш аз 50 рӯз сохтмончиён дубора ҳамаи хонаҳои барқарор кардаанд.Комилҷон Мӯъминов, сокини маҳаллаи Сомониён яке аз дигар аз шумори сокинон, ки манзили ӯ ҳам нимаи моҳи сентябр дар вақти вуқӯъи муноқишаи марзӣ пурра тахриб шуда буд.Ӯву ҳамсоягонаш аз ҳавои мусоиди офтобӣ истифода намуда барои ҳарчӣ барвақт ба итмом расидани корҳои сохтмонии манзилаш дар канори сохтмончиён машғули кор аст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳини боздид аз деҳаи Сомониёни боло ва Сомониёни поёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки аз канори чанд хонаву иншооти деҳаи Куктоши ноҳияи Ботканд Қирғизистон мегузорад мушоҳида кард, ки сокинони наздимарзии ин кишвар ҳам дар пайи бунёди сохтмони манзилҳо дар натиҷаи муноқишаи марзӣ хабаргардида ҳастанд.Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи сохтмони ҳукумати вилояти Суғд мегуянд, навсозии манзилҳое, ки дар натиҷаи даргирии мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд бо маром идома доранд.Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 – 16 сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз чанд рӯзи рухдоди мудҳиши марзӣ, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмади муноқишаи марзӣ аз Душанбе ба шаҳри Исфара кӯмаки моддӣ иборат аз масолеҳи сохтмонӣ равон карда ба масъулони ҳукумати Суғд дар бораи бунёди хонаҳо нав ба зарардидҳо то фарорасии фасли сармо дастур дода буд.
чоркӯҳ
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052972305_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_1b7ff40b10bdca4f676a340463250dd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чоркӯщ, сохтмон, манзилҳо, сокинон, сӯхташуда, марз
тоҷикистон, чоркӯщ, сохтмон, манзилҳо, сокинон, сӯхташуда, марз
Чоркӯҳ: сохтмони бист хонаи сӯхташуда дар марз ба анҷом расидааст – акс
18:55 21.11.2022 (Навсозишуда: 19:10 21.11.2022) Эксклюзив
Сохтмони бист хонаи сокинони деҳоти Чоркӯҳи Исфара, ки ахиран дар натиҷаи муноқишаи марзӣ сухта валангор шуда буданд, ба соҳибонашон супорида мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Қарор аст, ки то се рӯзи баъд, ин хонаҳои навбунёди сокинони наздимарзӣ дубора ба соҳибонашон тақдим хоҳад шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар кард ва аз ҷараёни сохтмони манзилҳое, ки ахиран дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд.
Масъулин ва сохтмончиёни деҳоти наздимарзии шаҳри Исфара дар бораи баистифодадиҳии бист манзини навсохт дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хабар медиҳанд.
Ҳоло беш аз 95 дарсад корҳои сохтмонии ин манзилҳои истиқоматӣ ба иҷро расонида шудааст. Сохтмончиён азм доранд корҳои рангубори дохил ва беруни хонаҳоро ба итмом расонанд.
Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон қарор аст, рӯзи 25 ноябр дар марҳилаи аввал бист иморати навсохт дар деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шавад.
Манзили истиқоматии Ғафурҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Сомониён яке аз онҳост.
Ин сокини наздимарзии ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин хона онҳо чаҳор оилаи иборат аз 18 нафар зиндагӣ мекарданд, аммо дар натиҷаи рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзии рӯзи 14 ба 16 сентябр ҳамаи хонаҳои онҳо сӯхта ба хокистар табдил шуд.
Бо гузашти беш аз 50 рӯз сохтмончиён дубора ҳамаи хонаҳои барқарор кардаанд.
“Умедворем мақомоти кишварҳо барои ҳал шудани масъалаҳои сарҳадӣ талош мекунанд ва мо ба ин хонаҳои худ, ки бо машақати зиёд дубора сохта обод шудаанд хушу хуррам зиндагӣ мекунем”, зикр кард, Тоҷиев.
Комилҷон Мӯъминов, сокини маҳаллаи Сомониён яке аз дигар аз шумори сокинон, ки манзили ӯ ҳам нимаи моҳи сентябр дар вақти вуқӯъи муноқишаи марзӣ пурра тахриб шуда буд.
Ӯву ҳамсоягонаш аз ҳавои мусоиди офтобӣ истифода намуда барои ҳарчӣ барвақт ба итмом расидани корҳои сохтмонии манзилаш дар канори сохтмончиён машғули кор аст.
“Мо аз Худованд талаб мекунем, ки дигар дар сарҳад ҷангу ҷидол рух надиҳад, дӯстиву якдигарфаҳмии мардуми наздимарзӣ барқарор гардад ва кӯдакону наврасон дар ин хонаҳо шоду беғам зиндагӣ кунанд”, изҳор кард, сокини ҷамоати Чоркӯҳ.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳини боздид аз деҳаи Сомониёни боло ва Сомониёни поёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки аз канори чанд хонаву иншооти деҳаи Куктоши ноҳияи Ботканд Қирғизистон мегузорад мушоҳида кард, ки сокинони наздимарзии ин кишвар ҳам дар пайи бунёди сохтмони манзилҳо дар натиҷаи муноқишаи марзӣ хабаргардида ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи сохтмони ҳукумати вилояти Суғд мегуянд, навсозии манзилҳое, ки дар натиҷаи даргирии мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд бо маром идома доранд.
Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 – 16 сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз чанд рӯзи рухдоди мудҳиши марзӣ, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмади муноқишаи марзӣ аз Душанбе ба шаҳри Исфара кӯмаки моддӣ иборат аз масолеҳи сохтмонӣ равон карда ба масъулони ҳукумати Суғд дар бораи бунёди хонаҳо нав ба зарардидҳо то фарорасии фасли сармо дастур дода буд.