Ду тим Лигаи олии Тоҷикистонро тарк мекунанд

© ФФТФутбольная команда "Равшан"
Футбольная команда Равшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Обуна шудан
Ду бошгоҳи шимоли Тоҷикистон – дастаҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мавқеи худро дар Лигаи олии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта натавонистанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сабқатҳои навбатӣ дар доираи чемпионати Тоҷикистон бо шикасти "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод анҷом ёфтанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин ду даста Лигаи олии Тоҷикистонро тарк мекунанд
Бар асоси натоиҷи мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи "Б" тимҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мавқеи худро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон соли равон дар формати нав баргузор гардид.
Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2022
Аҳтам Назаров - "Мо ба бозӣ бо Русия омода будем"
Дастаҳое, ки дар қисми аввал ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, дар гурӯҳи “А” барои ҷоизаҳо ва дастаҳое, ки ҷойҳои 6-10-умро касб карданд, дар гурӯҳи “В” барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош карданд.
Дастаҳои "Истиқлол", "Хатлон", "Равшан"-и Кӯлоб, "Хуҷанд" ва "КМВ Артиш" ба панҷгонаи аввал дохил буда, дар панҷгонаи дуюм "Истаравшан", "Файзканд", "Эсхата", "Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ" ҷой гирифта буданд.
Дар пайи зӯрозмоӣ ду дастаи Суғд мавқеашонро аз даст доданд. Аз ҷумла дар талоши мондан Лигаи олӣ дастаи "Равшан" бо Файзканд вориди майдон шуда, бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.
Тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода низ бар "Истаравшан" бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардида, мавқеашро дар Лигаи олӣ ҳифз намуд.
Лентаи хабарҳо
0