Таваррум дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли 20 сол

Обуна шудан
Суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраи аз соли 2000 то соли 2021 6,2 фоизро ташкил дод
Тибқи таҳлили коршиносони Бонки АвруОсиёи Рушд, Осиёи Марказӣ минтақаи дорои иқтидори баланди рушд аст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин ҷо тақрибан 347 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мувофики маълумоти охирин дар ин ҷо 77 миллион нафар одамон зиндагй мекунанд.
Бояд гуфт, ки сатҳи баланди таваррумро сокинони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои 2000-ум сахт эҳсос мекарданд. Бо вуҷуди ин, маълумотҳои ахир аз мӯътадил шудани баъзе нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.
Дурнамо ва тағйири сатҳи таваррум дар соли 2022
Вазъи нархҳо дар Тоҷикистон тайи 20 соли ахир ба таври мусбат тағйир ёфтааст, аммо то ба ҳол ба ҳисоби тилоӣ дар ин масъала расида нашудааст.
Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таваррум аз сатҳи баланд поин рафта, дар панҷ соли охир дар минтақа ба ҳисоби миёна тақрибан 10% -ро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0