Сел муваққатан роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвозро баст

CC0 / Natalia Kollegova / Сход селей
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2022
Обуна шудан
Қаблан КҲФ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 18-19 ноябр дар роҳҳои кӯҳӣ хавфи фаромадани сел вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бар асари боришоти шадид дар километри 352- юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз сел омад, хабар медиҳад котиботи КҲФ.
Бар хабари манбаъ, сел ин қисмати роҳро барои чанд соат масдуд кард. Барои бартараф кардани ҳолати рухдода, техника ва кормандони Вазорати нақлиёт ҷалб шуданд ва субҳи барвақти 19 ноябр ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз аз сар гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ин ниҳод бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки то 21 ноябр дар кишвар боришоти зиёд боқӣ мемонад.
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
КҲФ: Мардуми ҷамоати Оби Гарм ба ҷои амн кӯчонида шуданд
Манбаъ мегӯяд, то ин муддати хавфи баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, сангрезиҳо, фаромадани селу тарма ва ярч мавҷуд аст.
Дар робита ба ин, КҲФ аз меҳмонону сокинон даъват намудааст, ки аз сафари бидуни зарурат худдорӣ кунанд ва ҳамзамон ба шикору ҳезумҷамъкунӣ ва чарогоҳҳо нараванд.
Илова бар ин, дархост шудааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши омадани сел тамоми заҳбуру ҷӯйборҳо аз хасу хошок тоза карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0