https://sputnik.tj/20221118/aksho-jolib-bozi-tim-millii-tojikiston-rusiya-1052908166.html
Дӯстӣ ғалаба кард: аксҳои ҷолиб аз бозии тимҳо миллии Тоҷикистону Русия
Дӯстӣ ғалаба кард: аксҳои ҷолиб аз бозии тимҳо миллии Тоҷикистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Бозии таърихии тимҳои миллии Тоҷикистону Русия дар Душанбе мусовӣ - бидуни гол анҷом ёфт. Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои ҷолиби бозиро ҷамъ овард
2022-11-18T11:00+0500
2022-11-18T11:00+0500
2023-02-08T19:46+0500
акс
мунтахаби тоҷикистон
тим
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бозӣ
мусовӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/12/1052906109_0:0:2849:1603_1920x0_80_0_0_8b97f1a38251db69ff80443871a202bc.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/12/1052906109_0:0:2639:1979_1920x0_80_0_0_6542acfca31a96b15dd01214d9d5c6a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ, тим, миллӣ, тоҷикистон, русия, тасвир
бозӣ, тим, миллӣ, тоҷикистон, русия, тасвир
Дӯстӣ ғалаба кард: аксҳои ҷолиб аз бозии тимҳо миллии Тоҷикистону Русия
11:00 18.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Бозии таърихии тимҳои миллии Тоҷикистону Русия дар Душанбе мусовӣ - бидуни гол анҷом ёфт. Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои ҷолиби бозиро ҷамъ овард

Ҳазорҳо мухлиси тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе барои дастгирии тимашон ҷамъ омада буданд.
Тими Русия қабл аз бозии дӯстона бо дастаи Тоҷикистон дар майдони марказии Душанбе.

Мунтахаби миллии Русия то ҳадде дар ҳайати озмоиши вориди майдон шуда буд, чун бархе аз бозигарони нав ба бозӣ ворид шуда буданд.

Ҳайати Тоҷикистон низ беҳтаринҳояшро, ки дар бошгоҳҳои гуногуни ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекунанд, даъват намуд.
Сармураббии тими миллии Русия, Валерий Карпин қабл аз бозӣ тамрин гузаронд.

Бозигарони тими миллии Русия - аз чап ба рост, Дмитрий Баринов, Александр Соболев ва Георгий Джикия пеш аз оғози бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон

Бар асоси арзёбиҳо дар варзишгоҳи марказии Душанбе ҳудуди 20 ҳазор мухлис ҷамъ омада буданд.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Петр Сегрт ҳангоми роҳнамои шогирдонаш зимни бозӣ бо тими Русия

Мутахассиси хорватӣ, ки тими Тоҷикистонро тамрин медиҳад, иқрор шуд, тими Русия аз тавонотарин рақибони дастааш аст.

Бозӣ дар даври аввал ҳамагӣ бо 2 - 3 ҳолати нисбатан хатарнок дар назди дарвозаҳои ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

Тибқи арзёбиҳо зимни бозии Тоҷикистону Русия дар 70%-и ҳолатҳо идораи тӯб дар дасти меҳмонҳо буд.

Бозигари тими Русия, Лечи Садулаев бо бозигари тоҷикистонӣ, Амирбек Ҷӯрабоев - аз рост, барои тӯб талош доранд.

Дар анҷоми бозӣ, ки бидуни голе хотима ёфт, варзишгарони Тоҷикистону Русия ба ҳамдигар барои ин бозӣ сипос гуфтанд.