Русҳо метавонанд барои таҷлили Соли нав Тоҷикистонро интихоб мекунанд

© Sputnik В Душанбе установили новогоднюю елку
В Душанбе установили новогоднюю елку
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз охири моҳи декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 барои сайёҳони рус дастрастарин самтҳо барои таҷлили соли нав хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ба як макони камхарҷ барои русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нави мелодӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои хадамоти сайёҳии OneTwoTrip, аз 30 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 сафар ба кишварҳои хориҷи наздик хоҳанд шуд.
Манбаъ нархи чиптаҳои парвозро дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ таҳлил кардааст.
Арзиш аз рӯи шаҳрҳои пешрафта омӯхта шудааст – ба хусус парвозҳо аз Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Екатеринбург ва Минералные Воды ба тарафи панҷ кишвари арзонтарин аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Имзои беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ
Нархҳо барои як шахс ва як тараф ҳисоб карда шудааст.
"Инак аз Маскав ба Тоҷикистон метавон аз 26,4 ҳазор рубл, аз Санкт-Петербург - 33,5 ҳазор рубл ва аз Екатеринбург арзонтар - ҳамагӣ 20,9 ҳазор рубл чиптаи парвоз харид", — омадааст дар маълумоти хадамот.
Беларус арзонтарин самт будааст - арзиши миёна аз пойтахти Русия тақрибан 15,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Дар мавриди кишварҳои ҳамсоя бошад, арзиши чита аз Маскав ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 17,8 ҳазор рубл ва ба самти Қирғизистон 21,1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Аз Санкт-Петербург арзонтарин парвоз ба Арманистон будааст нархи чипта 21,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0