Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар Бухоро таъмир мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото
Мраморный бюст, который раньше был на надгробье в парке Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва нависандаи маъруфи шӯравӣ дар Узбакистон Садриддин Айнӣ соли 2023 барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар вилояти Бухорои Ӯзбекистон таъмири Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар додааст.
Осорхона дар зодгоҳи нависандаву шоири мондагон деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро ҷойгир буда, барқароркунӣ соли 2023 пешбинӣ шудааст.
Ин мавзӯъ дар дидори сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва мудири минтақавии Раёсати гардишгарӣ ва мероси фарҳангии вилояти Бухоро Суҳроб Бобокалонов матраҳ шудааст.
Ҳамчунин, намояндагони ду кишвар мавзӯъҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши гардишгариро баррасӣ карданд.
Председатель Собрания народных депутатов города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки хона - музейи Айнӣ тахрибу кӯчонда нашавад
Сафир дар бораи имконоти сайёҳӣ, аз ҷумла, табобатӣ, зиёратӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Ҷонибҳо доир ба ташкили форумҳои муштараки сайёҳӣ, турҳои иттилоотӣ, хатсайрҳои заминӣ ва ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон табодули афкор намуданд.
Раҳмонзода зимни сафари корӣ аз ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва оромгоҳи бузургон ва зодгоҳи Садриддин Айнӣ дидан кард.
Садриддин Айнӣ, нависандаи шӯравии тоҷик, ходими ҷамъиятӣ ва олими тоҷик, муаллифи асарҳо оид ба таърих ва адабиёти тоҷик ва халқҳои Осиёи Миёна, асосгузори адабиёти советии тоҷик аст.
Ӯ аз намоёнтарин тоҷикони қарни XX буд, ки барои мавҷудияти тоҷик ҳамчун давлат азхудгузаштагиҳо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0