Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 79,3 млрд сомонӣ баробар шуд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дар муҳокимаи парламентӣ гуфт, мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ ба 79,3 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Ҳамзамон ба гуфтаи вай суръати рушди воқеии он ба 7,8 фоиз баробар гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасад.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Нақшаи даромади буҷаи Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ иҷро шуд
Аз ҷумла ба гуфтаи оқои Маҳмадалӣ Қурбонзода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 18,0 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,8 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 17,0 фоиз, афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар бахши хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 16,2 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 11,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 18,8 фоиз, афзоиш ёфта, дар маҷмуъ боиси таъмин гардидани рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардид.
Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 миллиарду 410 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0