https://sputnik.tj/20221117/hukm-zindon-sokin-panj-kushtor-padar-1052881532.html
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Sputnik Тоҷикистон
Писар пас аз нӯшидани шароб бо падари пиронсолаш ҷанҷол мекунад, ки дар натиҷа ин муноқишаи лафзӣ ба куштори мудҳиш поён меёбад 17.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-17T10:57+0500
2022-11-17T10:57+0500
2022-11-17T10:57+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
прокуратура
суд
ҳукм
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_326a457d781400dd7a4ff42e99b351c6.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи панҷро барои 20 сол равонаи зиндон кард.Бино ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли кишвар маҳкумшуда Исанқулов Муҳаммадҷони 37-сола дар қатли падари 78-солааш Бустонов Аваз гунаҳкор дониста мешавад.Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 7 июн дар пайи нӯшидани шароб ва мадҳушӣ сар задааст.Ба иттилои манбаъ, писару падар якҷоя машрубот нӯшидаанд, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад.Ба иттилои манбаъ, пас аз нушидани машруботи спиртӣ, падар дар ҳолати мастӣ қарор гирифта, дар хусуси рафта аз хонаи падарарӯси писараш, ба хонаашон овардани келину наберагонаш суҳбат намудааст, ки дар ин замина байнашон баҳсу муноқиша ба миён меояд.Дар пайи ин писар бо болға як маротиба ба сари падараш зада, ӯро аз пой меафтонад ва бо ин қаноат накарда он ба дасту рӯяш низ зарба мезанад.Дар натиҷаи ин зарбаҳо Бустонов Авази солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Қаблан маҳкумшуда дар бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт, пас аз нӯшокии спритӣ мадҳуш шуд ва ба чунин кор даст зад."Арақ нӯшидам, маст шудам ва пасон ҷанҷол шуду бо болға ба сараш задам, ки ғалтид. Ман низ хобам бурд, хестам, ки падар нафас намегирад", - афзуд мавсуф.Мавсуф бар асоси моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноии кишвар алайҳи дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ суд шуда, ҳамакнун 20 солро дар зиндони низомаш шадид мегузаронад.Ба иттилои мақомот, гумонбаршуда қаблан низ бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
https://sputnik.tj/20220421/tojikiston-mardero-kushtor-modarsh-hukm-abad-1047831352.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_0e886bee6b78bc5fd5ea03dc05352a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, прокуратура, суд, ҳукм, куштор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар тоҷикистон, прокуратура, суд, ҳукм, куштор
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Писар пас аз нӯшидани шароб бо падари пиронсолаш ҷанҷол мекунад, ки дар натиҷа ин муноқишаи лафзӣ ба куштори мудҳиш поён меёбад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи панҷро барои 20 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли кишвар маҳкумшуда Исанқулов Муҳаммадҷони 37-сола дар қатли падари 78-солааш Бустонов Аваз гунаҳкор дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 7 июн дар пайи нӯшидани шароб ва мадҳушӣ сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, писару падар якҷоя машрубот нӯшидаанд, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз нушидани машруботи спиртӣ, падар дар ҳолати мастӣ қарор гирифта, дар хусуси рафта аз хонаи падарарӯси писараш, ба хонаашон овардани келину наберагонаш суҳбат намудааст, ки дар ин замина байнашон баҳсу муноқиша ба миён меояд.
Дар пайи ин писар бо болға як маротиба ба сари падараш зада, ӯро аз пой меафтонад ва бо ин қаноат накарда он ба дасту рӯяш низ зарба мезанад.
Дар натиҷаи ин зарбаҳо Бустонов Авази солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Қаблан маҳкумшуда дар бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт, пас аз нӯшокии спритӣ мадҳуш шуд ва ба чунин кор даст зад.
"Арақ нӯшидам, маст шудам ва пасон ҷанҷол шуду бо болға ба сараш задам, ки ғалтид. Ман низ хобам бурд, хестам, ки падар нафас намегирад", - афзуд мавсуф.
Мавсуф бар асоси моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноии кишвар алайҳи дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ суд шуда, ҳамакнун 20 солро дар зиндони низомаш шадид мегузаронад.
Ба иттилои мақомот, гумонбаршуда қаблан низ бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.