Ҳанафӣ: Афғонистон таҳдиде зидди ҳеҷ кишваре нест

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкТретье заседание московского формата консультаций по Афганистану
Третье заседание московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Воломақоми дарвлати Толибон дар дидор бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки ҳарими ҳавоӣ ва заминии ин кишвар таҳдиде зидди ҳеҷ кишваре нест
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини идории раиси давлати Толибони Афғонистон Абдуссалом Ҳанафӣ дар дидор бо намояндаи вижаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар умӯри Афғонистон дар Кобул Ториқ бин Бахит, гуфт сиёсати хориҷии Толибон ин аст, ки ба ҳеҷ касу кишваре иҷоза намедиҳад, ки зидди кишварҳои ҳамсоя, ҷаҳон ва кишварҳои исломӣ аз хоки Афғонистон истифода кунад, иттилоъ додааст “Парс Тудей”
Дар ҳамин ҳол сарпарасти вазорати дифои давлати Толибон Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид низ дар дидор бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул итминон дод аз хоки Афғонистон зидди ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси давлат Мулло Муҳаммадҳасан Охунд ва вазири дохилии Толибон Сироҷиддин Ҳаққонӣ низ бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Кобул дидору гуфтугу кардааст.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Террористон аз Афғонистон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд
Чанд рӯзи қабл дафтари Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо ҳузури вазири умури хориҷа ва дигар мақомҳои давлати Толибон ва ҳамчунин сафирони кишварҳои узви ин созмон дар кобул бозгушоӣ шуд.
Ёдовар мешавем, мақомоти толибон баъд ба сари қудрат омаданаш дар Афғонистон борҳо гуфта буданд, ки хоки Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя истифода намешавад ва толибон онро ба касе ва гурӯҳе иҷозат намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0