https://sputnik.tj/20221116/tojikiston-bozi-rusiya-dushanbe-1052878362.html
Тоҷикистон ба бозӣ бо Русия омода аст: дар варзишгоҳи Душанбе аншлаг мешавад
Тоҷикистон ба бозӣ бо Русия омода аст: дар варзишгоҳи Душанбе аншлаг мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар остонаи бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия дар Душанбе тамрини расмии дастаҳо баргузор шуд: аллакай 9 ҳазор билет фурӯхта шудааст
2022-11-16T21:07+0500
2022-11-16T21:07+0500
2023-07-04T17:43+0500
дар тоҷикистон
футбол
душанбе
бозии русия - тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар русия
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052816333_0:0:1496:843_1920x0_80_0_0_bdb43fbdbf2cc073689c44ea620d664b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва Валерий Карпин тамринотро бо як нишасти хабарӣ анҷом медиҳанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, тамоми чиптаҳои VIP-минбарҳои бозии Тоҷикистон – Русия фурӯхта шудаанд. Ин ниҳод ҳамчунин дар бораи чораҳои пурзӯри амниятӣ, ки дар ҷараёни бозӣ амалӣ хоҳанд шуд: беш аз ҳазор афсари пулис ва тақрибан 100 мутахассиси ниҳодҳои амниятӣ, гузориш додааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо тими Русия пурра ҷамъ шудааст. Сармураббӣ Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо футболбозони хориҷӣ мебошанд. Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён доштЯкҷоя бо тими миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд. Мунтахаби Русия таҳти раҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин дирӯз вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмононро роҳбарони ФФТ самимона истиқбол гирифта, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои миллӣ тақдим намуданд.Дарвозабон Ятимов имкони пирӯзӣ дар бозии Русия - Тоҷикистонро арзёбӣ кард"Ҳар варзишгар ҳамеша мехоҳад пирӯз шавад. Ва мо мехоҳем, ва мунтахаби Тоҷикистон ҳам. Ба майдон мебароем ва мебинем, ки кӣ пурқувваттар аст. Маълум аст, ки мо мехоҳем бозигаронеро бубинем, ки ҳанӯз дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон моро чунин хуш пазируфтанд. Ҳатто дар 10 дақиқаи аввал маълум аст, ки дар ин ҷо ҳама чиз хеле самимӣ хоҳад буд”, - гуфт сармураббии мунтахаби Русия Валерий Карпин дар сӯҳбати кӯтоҳ бо намояндагони ВАО. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 ноябр соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052816333_144:0:1389:934_1920x0_80_0_0_1f54bbb1b3257157dba49cc1e0c35cf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозии дӯстона, тоҷикистон, русия, душанбе
бозии дӯстона, тоҷикистон, русия, душанбе
Тоҷикистон ба бозӣ бо Русия омода аст: дар варзишгоҳи Душанбе аншлаг мешавад
21:07 16.11.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Дар остонаи бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия дар Душанбе тамрини расмии дастаҳо баргузор шуд: аллакай 9 ҳазор билет фурӯхта шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва Валерий Карпин тамринотро бо як нишасти хабарӣ анҷом медиҳанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, тамоми чиптаҳои VIP-минбарҳои бозии Тоҷикистон – Русия фурӯхта шудаанд.
"То шоми сешанбе 9,6 ҳазор чипта фурӯхта шуд, варзишгоҳ метавонад 20 ҳазор тамошобинро қабул кунад. Боварӣ дорам, ки толори пур хоҳад буд, мо интизорем, ки то шоми фардо 15 ҳазор чипта фурӯхта шавад", - гуфтанд дар ФФТ.
Ин ниҳод ҳамчунин дар бораи чораҳои пурзӯри амниятӣ, ки дар ҷараёни бозӣ амалӣ хоҳанд шуд: беш аз ҳазор афсари пулис ва тақрибан 100 мутахассиси ниҳодҳои амниятӣ, гузориш додааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо тими Русия пурра ҷамъ шудааст. Сармураббӣ Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо футболбозони хориҷӣ мебошанд.
Якҷоя бо тими миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд. Мунтахаби Русия таҳти раҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин дирӯз вориди Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмононро роҳбарони ФФТ самимона истиқбол гирифта, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои миллӣ тақдим намуданд.
"Ҳар варзишгар ҳамеша мехоҳад пирӯз шавад. Ва мо мехоҳем, ва мунтахаби Тоҷикистон ҳам. Ба майдон мебароем ва мебинем, ки кӣ пурқувваттар аст. Маълум аст, ки мо мехоҳем бозигаронеро бубинем, ки ҳанӯз дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон моро чунин хуш пазируфтанд. Ҳатто дар 10 дақиқаи аввал маълум аст, ки дар ин ҷо ҳама чиз хеле самимӣ хоҳад буд”, - гуфт сармураббии мунтахаби Русия Валерий Карпин дар сӯҳбати кӯтоҳ бо намояндагони ВАО.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 ноябр соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.