Эмомалӣ Раҳмон аз рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт: ММД 53 баробар афзуд

© Хадамоти матбуотии президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 0-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 0-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, аз рушди иқтисоди кишвар гузориш дод
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардидааст, гуфт президенти Тоҷикистон.
Ба қавли кишвардор, ҳукумат ба далели кашмакашиҳои дохилӣ амалан аз соли 2000-ум ба корҳои созандагию ободонӣ машғул шуд.
Ҳамин тавр, тибқи гузориши раисиҷумҳур, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва қисми даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

"Яъне, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт", - гуфт президенти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои президент соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.
Миллиардҳо доллар: Захоири тилову асъори Тоҷикистон чиқадар зиёд шуд?
Ба гуфти ӯ, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар зиёд гардид.
Президенти кишвар истеҳсолоти ангиштро низ аз рушди иқтисод арзёбӣ карда, мисол овард, ки соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 313 ҳазор тонна ангишт ва 500 ҳазор тонна семент ва соли 2021 - 2 миллиону 300 ҳазор ангишт ва 4 миллиону 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд.
Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: дастури Раҳмон барои пардохти бетаъхири маошу кумакпулиҳо
Лентаи хабарҳо
0