Чаро дар бозорҳои Тоҷикистон арзиши биринҷ боло рафт? - видео

Обуна шудан
Маъмултарин таъоми туйю сур, ҷашну маъракаҳо ва меҳмондории тоҷикон оши палов аст, биринҷи онро кишоварзон дар шароити заминҳои пур аз обу лой ба даст меоранд
Шолипарварон дар вилояти Суғд мегуянд, солҳои охир бо сабаби тағйирёбии иқлим кору заҳмати онҳо бештар шуда ва рӯёнидани биринҷ - маҳсулоти аслии палов мушкилтар шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба саҳрои шолизори навоҳии Суғд сафар карда ҷараёни ғунучини биринҷро ба навор гирифт.
Деҳқонон шолипарвар чанд мушкилеро зикр карданд, ки соли ҷорӣ ҳамаи кишоварзони суғдиро ба мушкили иқтисодӣ дучор намудааст.
Таъсири боду ҳавову омилҳои дигар: Шолипарварони Суғд сабаби гароншавии биринҷро гуфтанд
Мушкиле, ки ҳамаи деҳқонҳоро ба ташвиш овард
Дар соли равон нархи ҳама намуд нуриҳои минералӣ ба фарқ аз соли гузашта якбора то 60 дарсади баланд шуд ва ин омил ҷайби бе ин ҳам хароби кишоварзонро харобтар намуд.
Номусодии боду ҳаво, гароншавии қимати сӯзишворӣ ва ҳам нуриҳои минералӣ сабаби болоравии нархи “оши палав” дар бозорҳо шудааст.
Зимнан арзиши биринҷ дар бозорҳои Суғд аз 8 то 12 сомонӣ аст, ки дар муқоиса ба як моҳи пеш то 2 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Фурӯшандаҳо мегуянд, тағйирёбии нарх ба суръати савдо таъсир накардааст ва ба мисли ҳамеша бозори биринҷ гарм аст.
“Аввал об баъд биринҷ”: Лукашенко сири пухтани оши палави тоҷикиро омӯхт – видео
Бар пояи иттилоъи Идораи кишварзии Суғд, соли ҷорӣ майдони кишти шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик ба 10 ҳазор га расонида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳудуди 100 га зиёд гуфта мешавад.
Соли гузашта аз ҳисоби кишти шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 56 ҳазор тон биринҷ ба даст оварда шудааст, ки ба ҳисоби миёна 50 -55 сентнерӣ рос меояд.
Дар вилояти Суғд шолӣ умдатан дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва Панҷакент парвариш карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0