Дарвозабон Ятимов имкони пирӯзӣ дар бозии Русия - Тоҷикистонро арзёбӣ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонРустам Ятимов, голкипер национальной сборной Таджикистана:
Рустам Ятимов, голкипер национальной сборной Таджикистана: - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон дар остонаи бозии пурсарусадо бо тими Русия гуфт, ки шонси ҳама бозигарон дар майдон "50 бар 50 хоҳад буд"
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов дар бораи кайфияти бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими Русия гуфт, менависад "Матч ТВ".
"Мо талош мекунем, ки натиҷаи мусбӣ, яъне пирӯзӣ ба даст орем. Кӯшиш мекунем, ки барои ғалаба бозӣ кунем, он тараф чӣ ки шавад. Пеш аз бозӣ Русия фаворит аст: онҳо ном доранд", - гуфт дарвозабон.
Аммо, дар баробари ин ӯ афзуд, ки вақте ҳамаи бозигарон ба майдон мебароянд, “шанс 50 ба 50 хоҳад буд”.
Ятимов таъкид кард, бозӣ бо ҳар кас кардан мумкин аст.
"Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ҳамааш хуб мешавад", - гуфт ҳамсӯҳбат.
Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён дошт
Вай ҳамчунин аз вохӯрӣ бо тими Ҷопон ёдовар шуд, ки дар ҳайати он пурқувваттарин бозигарони лигаи Урупо ворид ҳастанд.
"Онҳо ба назди мо омаданд, дар нимаи аввал мо шонси хубро дарк накардем. Дар ҳамлаи ҷавобӣ "часпида" мондем, зеро мо ба пеш медавидем, аммо бо ҳар гуна тим бозӣ кардан имкон дорад", - қайд кард Рустам Ятимов.
Бозии футзали Русия ва Тоҷикистон - видео
Илова бар ин, вай гуфт, ки пеш аз бозӣ бо тими Русия ягон лаҳзаи бунёдӣ вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0