https://sputnik.tj/20221115/taghyirot-koryobi-muhojiron-bozor-rusiya-1052836312.html
Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун
Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун
Sputnik Тоҷикистон
Аз нимаи моҳи ноябр дар Русия меъёрҳои ҷадиди қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки садди фаъолияти муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ хоҳанд шуд
2022-11-15T13:40+0500
2022-11-15T13:40+0500
2022-11-15T13:40+0500
дар русия
муҳоҷират
тағйирот
қонун
ҷустуҷӯ
бозор
ғайриқонунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047433457_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_e8cfb408a05bac6c9f8f21c05109fce5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ кор дар бозорҳои Русия мушкил хоҳад буд, зеро соҳибони марказҳои тиҷоратӣ иҷрои қонунҳои муҳоҷиратро назорат хоҳанд кард. Бар асоси меъёрҳои ҷадид, моликони бозорҳои чакана барои иҷораи иншооташон ба иҷорагирҳое, ки кори муҳоҷирони ғайриқонуниро истифода мебаранд, масъул хоҳанд буд. Масъулият ҳамчунин ба иҷорадиҳандаҳои иншооти саноатӣ, тиҷоратӣ, дафтари корӣ ва анборҳо низ дахл хоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки чунин муқаррарот дар қонунгузории Русия, 4 ноябри соли 2022 қабул гардида, аз 15 ноябри соли равон эътибор пайдо мекунанд. Аз ҷумла тағйирот ба моддаи 14-и қонун "Дар бораи бозорҳои чакана", инчунин Кодекси меҳнати Русия ворид карда шудаанд. Тибқи тағйироти нав, соҳибони бозорҳо, хоҳ шахсони ҳуқуқӣ бошанд хоҳ соҳибкорони инфиродӣ, барои додани биноҳои тиҷоратӣ ба иҷорагироне аз қувваи кории муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода мебаранд, пурра масъуланд. Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст.Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст.Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ба таври васеъ кор бурда шаванд.
https://sputnik.tj/20221113/perm-narkh-patent-muhojiron-bolo-1052801682.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/07/1047433457_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ed1e53bf1bcba70faacb655005cea349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корёбӣ, муҳоҷирон, ғайриқонунӣ, мушкил
корёбӣ, муҳоҷирон, ғайриқонунӣ, мушкил
Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун
Аз нимаи моҳи ноябр дар Русия меъёрҳои ҷадиди қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки садди фаъолияти муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ кор дар бозорҳои Русия мушкил хоҳад буд, зеро соҳибони марказҳои тиҷоратӣ иҷрои қонунҳои муҳоҷиратро назорат хоҳанд кард.
Бар асоси меъёрҳои ҷадид, моликони бозорҳои чакана барои иҷораи иншооташон ба иҷорагирҳое, ки кори муҳоҷирони ғайриқонуниро истифода мебаранд, масъул хоҳанд буд. Масъулият ҳамчунин ба иҷорадиҳандаҳои иншооти саноатӣ, тиҷоратӣ, дафтари корӣ ва анборҳо низ дахл хоҳад дошт.
Таъкид шудааст, ки чунин муқаррарот дар қонунгузории Русия, 4 ноябри соли 2022 қабул гардида, аз 15 ноябри соли равон эътибор пайдо мекунанд. Аз ҷумла тағйирот ба моддаи 14-и қонун "Дар бораи бозорҳои чакана", инчунин Кодекси меҳнати Русия ворид карда шудаанд.
Тибқи тағйироти нав, соҳибони бозорҳо, хоҳ шахсони ҳуқуқӣ бошанд хоҳ соҳибкорони инфиродӣ, барои додани биноҳои тиҷоратӣ ба иҷорагироне аз қувваи кории муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода мебаранд, пурра масъуланд.
Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст.
Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ба таври васеъ кор бурда шаванд.