https://sputnik.tj/20221115/taghyir-tedodi-aholii-osiyo-miyona-1052843953.html
Аҳолӣ дар Тоҷикистону ОМ: Чанд буду чанд шуд?
Аҳолӣ дар Тоҷикистону ОМ: Чанд буду чанд шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди аҳолии Осиёи Марказӣ тайи ду даҳсолаи охир ба таври назаррас боло рафта, нишондоди миёнаи афзоиши солона 2% ва дар маҷмуъ 40% шудааст
2022-11-15T18:38+0500
2022-11-15T18:38+0500
2022-11-15T18:38+0500
тасвирбаён
аҳолӣ
даҳсола
дар тоҷикистон
қирғизистон
туркманистон
ӯзбекистон
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052819660_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_777f18f4a7b76c5dee69c54b72ae29e9.png
Вазъи демографии кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди мунтазамро нишон медиҳад, ки дар бархе бо суръати баланд ва дар бархе нисбатан ором пеш рафта истодааст.Бар асоси гузориши Бонки Авруосиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақа Тоҷикистон пешсаф мебошад. Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 9,9 млн арзёбӣ шудааст. Дар ҷойи дуюм Ӯзбекистон қарор гирифтааст, ки сераҳолитарин кишвари минтақа ба шумор меравад. Таъкид шудааст, ки 20 сол пеш аҳолии Ӯзбекистон 24,8 млн нафар буд, айни ҳол ҳудуди 35,3 млн нафарро ташкил медиҳад. Афзоиш тайи бистсола ба 42,3% баробар шудааст. Аз нигоҳи теъдоду таносуби афзоиши аҳолӣ, Қирғизистону Туркманистон нисбатан наздик қарор доранд. Аҳолии Туркманистон аз 4,5 млн то 6,1 млн нафар ва аз Қирғизистон аз 4,9 то 6,7 млн нафар зиёд шудааст. Қазоқистон аз нигоҳи афзоиши аҳолӣ дар зинаи охир қарор дорад. Дар давоми 20 сол аҳолии ин кишвар 28,2% — аз 14,9 млн ба 19,1 млн нафар зиёд шудааст. Дар маҷмуъ давоми ду даҳсолаи охир афзоиши умумии сокинон дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% -ро ташкил додаст, ки соле ба 2% баробар мебошад.
қирғизистон
туркманистон
ӯзбекистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052819660_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_30354056ee0183c6b9cc098cccd8b872.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, аҳолӣ, даҳсола, дар тоҷикистон, қирғизистон, туркманистон, ӯзбекистон, қазоқистон, инфографика
тасвирбаён, аҳолӣ, даҳсола, дар тоҷикистон, қирғизистон, туркманистон, ӯзбекистон, қазоқистон, инфографика
Аҳолӣ дар Тоҷикистону ОМ: Чанд буду чанд шуд?
Теъдоди аҳолии Осиёи Марказӣ тайи ду даҳсолаи охир ба таври назаррас боло рафта, нишондоди миёнаи афзоиши солона 2% ва дар маҷмуъ 40% шудааст
Вазъи демографии кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди мунтазамро нишон медиҳад, ки дар бархе бо суръати баланд ва дар бархе нисбатан ором пеш рафта истодааст.
Бар асоси гузориши Бонки Авруосиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақа Тоҷикистон пешсаф мебошад. Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 9,9 млн арзёбӣ шудааст.
Дар ҷойи дуюм Ӯзбекистон қарор гирифтааст, ки сераҳолитарин кишвари минтақа ба шумор меравад.
Таъкид шудааст, ки 20 сол пеш аҳолии Ӯзбекистон 24,8 млн нафар буд, айни ҳол ҳудуди 35,3 млн нафарро ташкил медиҳад. Афзоиш тайи бистсола ба 42,3% баробар шудааст.
Аз нигоҳи теъдоду таносуби афзоиши аҳолӣ, Қирғизистону Туркманистон нисбатан наздик қарор доранд.
Аҳолии Туркманистон аз 4,5 млн то 6,1 млн нафар ва аз Қирғизистон аз 4,9 то 6,7 млн нафар зиёд шудааст.
Қазоқистон аз нигоҳи афзоиши аҳолӣ дар зинаи охир қарор дорад. Дар давоми 20 сол аҳолии ин кишвар 28,2% — аз 14,9 млн ба 19,1 млн нафар зиёд шудааст.
Дар маҷмуъ давоми ду даҳсолаи охир афзоиши умумии сокинон дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% -ро ташкил додаст, ки соле ба 2% баробар мебошад.