Рустами Эмомалӣ барои ихтироъкор, рӯзноманигор, меъмор ва санъаткорон ҷоиза таъсис дод

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРабота с микросхемой. Архивное фото
Работа с микросхемой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
Ҷоизаи навтаъсис барои муҳаққиқони ҷавони бахшҳои мухталиф - аз санъат то меъморӣ, технология, рӯзноманигорӣ ва ихтироъкорӣ пешбинӣ шудаст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис дода шуд, хабар дод дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, қарор дар ин бораро шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ имзо кард.
Таъкид шудааст, ки ҷоизаи навтаъсис барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ пешбинӣ гардидааст.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин низомнома ва ҳайати комиссияи ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавонро тасдиқ кардааст.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт ҳамоҳангсози амалигардонии ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самтҳои зикргардида муайян карда шудааст.
Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Лоиҳаи қонуни навиштаи Рустами Эмомалӣ қабул шуд: дӯст доштани Ватанро ёд медиҳанд
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти маблағи ҷоизаҳои мазкур муваззаф гардидааст.
Сарчашмаи пардохти ҷоизапулӣ аз ҳисоби маблағҳои "Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2022-2026" нишон дода шуда, таъкид гардидааст, ки минбаъд ин масъала дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба инобат гирифта шавад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо фармони президенти кишвар солҳои 2020 - 2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0