https://sputnik.tj/20221115/putin-talafot-rusiya-jbv-tahrif-tarikh-1052845042.html
Путин ҳаҷми талафоти Русияи шӯравӣ дар ҶБВ ва ҳадафи таҳрифи таърихро эълон дошт
Путин ҳаҷми талафоти Русияи шӯравӣ дар ҶБВ ва ҳадафи таҳрифи таърихро эълон дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ҳадафи таҳрифи таърихро на танҳо пинҳон кардани аъмоли ҷиноӣ дар гузашта, балки заминасозӣ барои зӯргӯӣ дар оянда хонд
2022-11-15T19:15+0500
2022-11-15T19:15+0500
2022-11-15T19:15+0500
дар русия
талафот
владимир путин
ҷбв
таърих
ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052460320_0:193:3030:1897_1920x0_80_0_0_d19f2d1c259e1f25c56890f5bf66474b.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бидуни шак саҳми тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, аммо талафоти асосиро дар ин ҷанг Русияи шӯравӣ дод. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи кумитаи ташкилотии "Победа" изҳор дошт. "Албатта, мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем, ки Ғалабаро намояндагони тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овардаанд. Мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаем ва нахоҳем кард", - гуфт Путин. Вай афзуд, ки ин як воқеияти раднопазири таърихист ва дар баробари ин далели дигари таърихӣ, ин талафоти зиёди Русияи шӯравӣ мебошад. "Ҳудуди 69, қариб 70%-и талафот дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Русияи шӯравӣ рост меояд ва ин ҳам як далели таърихӣ мебошад", - илова намуд президент. Вай ҳамчунин ҳадафи таҳрифи таърихро на танҳо пинҳон кардани аъмоли ҷиноӣ дар гузашта, балки заминасозӣ барои зӯргӯӣ дар оянда хонд. "Кӯшишҳои зиёде барои сохтакорӣ кардани таърих сурат мегиранд. Ин, албатта, барои фароҳам овардани фазои муносиб дар сиёсати имрӯза ва сохтани паёмҳои бардурӯғ ба хотири тақсими манфиатҳо роҳандозӣ мешавад", - гуфт Путин. Вай илова намуд, ки ҳамчунин ба ин восита мехоҳанд, даст доштан дар ҷиноятҳои фашистонро пинҳон кунанд, балки барои амалҳои нави таҷовузкорона, аз ҷумла зидди Русия замина фароҳам оваранд. Маврид ба зикр аст, ки дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аз миёни аҳолии Тоҷикистон, ки ҳудуди 1 млн нафар буд, ба ҶБВ беш аз 300 ҳазор нафар эъзом шуданд, ки аз набардҳо 92 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
https://sputnik.tj/20221110/dushanbe-konamoi-sobiqadoron-jbv-filmnoma-sabt-1052738813.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052460320_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f655ce6bfef8d32a1fbfc50cb7ef7e68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, ҳаҷм, талафот, русия, шӯравӣ, ҷбв
путин, ҳаҷм, талафот, русия, шӯравӣ, ҷбв
Путин ҳаҷми талафоти Русияи шӯравӣ дар ҶБВ ва ҳадафи таҳрифи таърихро эълон дошт
Раисҷумҳури Русия ҳадафи таҳрифи таърихро на танҳо пинҳон кардани аъмоли ҷиноӣ дар гузашта, балки заминасозӣ барои зӯргӯӣ дар оянда хонд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бидуни шак саҳми тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, аммо талафоти асосиро дар ин ҷанг Русияи шӯравӣ дод.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи кумитаи ташкилотии "Победа" изҳор дошт.
"Албатта, мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кунем, ки Ғалабаро намояндагони тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овардаанд. Мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаем ва нахоҳем кард", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки ин як воқеияти раднопазири таърихист ва дар баробари ин далели дигари таърихӣ, ин талафоти зиёди Русияи шӯравӣ мебошад.
"Ҳудуди 69, қариб 70%-и талафот дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Русияи шӯравӣ рост меояд ва ин ҳам як далели таърихӣ мебошад", - илова намуд президент.
Вай ҳамчунин ҳадафи таҳрифи таърихро на танҳо пинҳон кардани аъмоли ҷиноӣ дар гузашта, балки заминасозӣ барои зӯргӯӣ дар оянда хонд.
"Кӯшишҳои зиёде барои сохтакорӣ кардани таърих сурат мегиранд. Ин, албатта, барои фароҳам овардани фазои муносиб дар сиёсати имрӯза ва сохтани паёмҳои бардурӯғ ба хотири тақсими манфиатҳо роҳандозӣ мешавад", - гуфт Путин.
Вай илова намуд, ки ҳамчунин ба ин восита мехоҳанд, даст доштан дар ҷиноятҳои фашистонро пинҳон кунанд, балки барои амалҳои нави таҷовузкорона, аз ҷумла зидди Русия замина фароҳам оваранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар оғози солҳои чилуми асри гузашта аз миёни аҳолии Тоҷикистон, ки ҳудуди 1 млн нафар буд, ба ҶБВ беш аз 300 ҳазор нафар эъзом шуданд, ки аз набардҳо 92 ҳазор нафарашон барнагаштанд.