https://sputnik.tj/20221115/lavrov-sholts-makron-ukraina-video-1052841348.html
Посухи Лавров ба Шолтсу Макрон дар мавриди Украина маълум шуд
Посухи Лавров ба Шолтсу Макрон дар мавриди Украина маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳтавои суҳбатҳои кӯтоҳи вазири умури хориҷии Русия бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон дар ҳошияи саммити "Бистгонаи бузург" дар Бали маълум шуд
2022-11-15T16:35+0500
2022-11-15T16:35+0500
2022-12-22T14:00+0500
сергей лавров
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
музокирот
саммити "бистгонаи калон"
дар русия
сиёсат
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052832576_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_85bc0ff0c3727bd7bfc143059668f6d3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Масъалаи марбути Украина, аз ҷумла сулҳу созиш аз мавзӯи суҳбати вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс будаст. Дар ин бора худи Лавров зимни посух ба суол дар мавриди ҷонибдорӣ аз Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт. Вазир хотиррасон кард, ки ба таҳримҳо алайҳи Русия ба ғайр аз Ғарб ва муттаҳидони наздикаш дигар кишваре пайваст нашудаст. Ӯ илова намуд, ки бо намояндагони кишварҳои ҷаҳони сеюм низ дар ин бора табодули афкор кард, чун онро сарфи назар кардан ғайриимкон аст, зеро Ғарб масъалаи Украинаро ба ҳар муколама ворид месозад. Ба иддаои вазири умури хориҷии Русия ҳама, аз ҷумла онҳо медонанд, ки раванди музокиротро Украина ба таъхир андохта истодааст. Аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ бо фармони раисҷмуҳури Украина, Владимир Зеленский музокирот бо Русия мамнуъ шудааст, хотиррасон намуд вазири умури хориҷӣ. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан алайҳи Русия дар Украина ҷанги гибридӣ рафта истодааст, ки кишварҳои ғарбӣ дер боз онро омода карданду барангехтанд. Лавров аз иқдоми нерӯҳои миллатгаро аз ҷумла дар мавриди манъи забони русӣ зикр намуда, илова кард, ки иқдоми Маскав ба ҳимояи сокинони руси Донбасс равона шудааст.
https://sputnik.tj/20221115/nishast-sergey-lavrov-g20-video-1052839291.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0f/1052832576_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_760a43687204b8cbfa8da1acf658ed4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, сулҳ, украина, вобаста
лавров, сулҳ, украина, вобаста
Посухи Лавров ба Шолтсу Макрон дар мавриди Украина маълум шуд
16:35 15.11.2022 (Навсозишуда: 14:00 22.12.2022) Муҳтавои суҳбатҳои кӯтоҳи вазири умури хориҷии Русия бо президенти Фаронса ва садри аъзами Олмон дар ҳошияи саммити "Бистгонаи бузург" дар Бали маълум шуд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Масъалаи марбути Украина, аз ҷумла сулҳу созиш аз мавзӯи суҳбати вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс будаст.
Дар ин бора худи Лавров зимни посух ба суол дар мавриди ҷонибдорӣ аз Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт.
Вазир хотиррасон кард, ки ба таҳримҳо алайҳи Русия ба ғайр аз Ғарб ва муттаҳидони наздикаш дигар кишваре пайваст нашудаст.
Ӯ илова намуд, ки бо намояндагони кишварҳои ҷаҳони сеюм низ дар ин бора табодули афкор кард, чун онро сарфи назар кардан ғайриимкон аст, зеро Ғарб масъалаи Украинаро ба ҳар муколама ворид месозад.
"Кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ин робита ба ҳалли мусолиматомези қазия даъват доранд. Хостори дастёбии зудтар ба созиш ҳастанд", - гуфт Лавров.
Ба иддаои вазири умури хориҷии Русия ҳама, аз ҷумла онҳо медонанд, ки раванди музокиротро Украина ба таъхир андохта истодааст.
Аз ҷумла дар сатҳи қонунгузорӣ бо фармони раисҷмуҳури Украина, Владимир Зеленский музокирот бо Русия мамнуъ шудааст, хотиррасон намуд вазири умури хориҷӣ.
"Ин суол ба мо нест. Маҳз инро зимни суҳбатҳои кӯтоҳ бо президент Макрон ва садри аъзам Шолтс баён доштам", - гуфт Лавров.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан алайҳи Русия дар Украина ҷанги гибридӣ рафта истодааст, ки кишварҳои ғарбӣ дер боз онро омода карданду барангехтанд.
Лавров аз иқдоми нерӯҳои миллатгаро аз ҷумла дар мавриди манъи забони русӣ зикр намуда, илова кард, ки иқдоми Маскав ба ҳимояи сокинони руси Донбасс равона шудааст.