https://sputnik.tj/20221115/irs-sabab-rohbandi-sharh-1052844834.html
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати роҳдории “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” далели роҳбандиҳоро шарҳ дода, ронандагонро дар нақзи дурушти қоидаи ҳаракат дар роҳ айбдор кард
2022-11-15T18:10+0500
2022-11-15T18:10+0500
2022-11-15T18:14+0500
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
маҳдудият
роҳбандӣ
дар тоҷикистон
зимистон
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553809_0:317:720:722_1920x0_80_0_0_45fe06738d378c83dfc67581e841eef0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ширкати роҳдории IRS баста шудани роҳҳо дар замони сарморо ба вазъи бади боду ҳаво ва ҳивзи ҳаёти ронандагон рабт дод.Ба гуфти ин ширкат кори онҳо бо фаъолият дар плазаҳои толлингӣ, маҳдуд набуда, балки тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул аст.Ин ширкат иддаои “чун роҳи Душанбе – Чаноқ пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад” ғалат гуфта, зикр кард, ки дар роҳи наҷоти ронандагон ва кушодани роҳҳо, ҷони 11 кормандашонро аз даст додааст.Ба гуфти ширкат, ронандагон бо сарфи назар кардани тавсия дар мавриди мавҷудияти хавф роҳро убур мекунанд, вале дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш, аз ҷумла зери тарма мондан, борони таҳқиру маломат ба сари кормандони “IRS” мерезад. Ширкат бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагонро муҷиби аслии ҳодисаи нохуш гуфт.Роҳбонони тоҷик ба зимистон омодаанд? Посухи IRSХоса ба самти муқобили ҳаракат баромадани автомбилҳо бениҳоят зиёд ва омили асосии эҷод гардидани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мебошад, мегӯяд ин ширкат. Бино ба шарҳи ин ширкат, бинобар ин, се соли охир роҳбарияти филиали ширкат тасмим гирифт, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани хавф, аз қабили тармафароӣ роҳро муваққатан мебанданд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар сурати пуршиддат будани бориши барф бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар автомобилҳо, хоса нақлиёти сабукрав гузариши “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553809_0:249:720:789_1920x0_80_0_0_4292a1216fed5b5235437bcffc8d3e98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе-чаноқ, роҳи баста, маҳдудият, роҳ
душанбе-чаноқ, роҳи баста, маҳдудият, роҳ
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
18:10 15.11.2022 (Навсозишуда: 18:14 15.11.2022) Ширкати роҳбонии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” далели роҳбандиҳоро шарҳ дода, ронандагонро дар нақзи дурушти қоидаи ҳаракат дар роҳ айбдор кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ширкати роҳдории IRS баста шудани роҳҳо дар замони сарморо ба вазъи бади боду ҳаво ва ҳивзи ҳаёти ронандагон рабт дод.
Ба гуфти ин ширкат кори онҳо бо фаъолият дар плазаҳои толлингӣ, маҳдуд набуда, балки тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул аст.
Ин ширкат иддаои “чун роҳи Душанбе – Чаноқ пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад” ғалат гуфта, зикр кард, ки дар роҳи наҷоти ронандагон ва кушодани роҳҳо, ҷони 11 кормандашонро аз даст додааст.
"Табиист, ки барои кушода будани роҳ кормандони “IRS” ба маънои томаш ҷонфидоӣ мекунанд ва ба ҳалокат расидани 11 корманди филиали Ширкат ҳангоми иҷрои рисолат шаҳодати ин гуфта аст", - омадааст дар хабарнома.
Ба гуфти ширкат, ронандагон бо сарфи назар кардани тавсия дар мавриди мавҷудияти хавф роҳро убур мекунанд, вале дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш, аз ҷумла зери тарма мондан, борони таҳқиру маломат ба сари кормандони “IRS” мерезад.
Ширкат бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагонро муҷиби аслии ҳодисаи нохуш гуфт.
Хоса ба самти муқобили ҳаракат баромадани автомбилҳо бениҳоят зиёд ва омили асосии эҷод гардидани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мебошад, мегӯяд ин ширкат.
Бино ба шарҳи ин ширкат, бинобар ин, се соли охир роҳбарияти филиали ширкат тасмим гирифт, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани хавф, аз қабили тармафароӣ роҳро муваққатан мебанданд.
"Ин иқдом ба хотири таъмини бехатари ронандагону мусофирон аст, зеро “IRS”, бо назардошти манфиатовар будан ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани ҳаракат аз тариқи роҳи мавриди назар нест", - таъкид кардааст ширкат.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар сурати пуршиддат будани бориши барф бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар автомобилҳо, хоса нақлиёти сабукрав гузариши “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд карда мешавад.